Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир бахшида мешавад

Июнь 25, 2020 08:41

ДУШАНБЕ, 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 1987 Маҷмаи Умумии СММ бо мақсади ноил гардидан ба ташкили ҷомеаи ҷаҳонии озод аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва зоҳир намудани нишонаҳои устуворӣ дар мубориза бо ин падидаи номатлуб қарор қабул кард, ки ҳамасола 26 июн ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир» ҷашн гирифта шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари дигар кишварҳо ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуда, тамоми кӯшишҳоро дар роҳи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба харҷ медиҳад, то солимии ҷомеаро  нигоҳ дорад. Зеро, ҷумҳурии мо бо доштани марзи тӯлонии зиёда аз 1400 км бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, ки яке аз кишварҳои бузурги тавлидкунандаи маводи нашъаовар  дар ҷаҳон мебошад,  дар сафи пеши мубориза бо нашъамандӣ, гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир қарор дорад. Дар ҳамин ҳол коршиносон аз он бонги изтироб мезананд, ки имрӯзҳо дар баробари пандемияи  СOVID-19 бемории нашъамандӣ низ бо хатарҳои дар пайдоштааш, кулли ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.

Барои дарёфти маълумоти бештар доир ба вазъи гирифторӣ ба ин беморӣ ва роҳҳои ташхису табобати он дар Тоҷикистон,    барномаи навбатии «Дармон»-и Радиои «Ховар»-ро пайгирӣ намоед.

Ин барномаро имрӯз, 25 июн, соати 09:30 (асл) ва такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 метавонед аз Радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррири барнома Нарзулло АЛИЗОДА бишнавед.

Июнь 25, 2020 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад