Баррасии вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар барномаи таҳлилии «Сарват» аз радиои «Ховар»

Июнь 22, 2020 13:38

ДУШАНБЕ, 22.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини кишварҳои дунё бо об ва сероб гардидани дарёҳо муҳим аст. Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи об тамоми кӯшишро ба харҷ дода, тадбирҳои назаррасро андешида истодааст. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 6%-и ҳудуди мамлакатро  ташкил дода, дар ташаккули дарёи калонтарини Осиёи Марказӣ  — Амударё ва ҳавзаи баҳри Арал нақши муҳим мебозанд. Аз ин рў, барои пешгирии обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ  Раҳмон ҳанўз чанд сол қабл ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ  даъват намуда, пешниҳод намуд, ки Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Маҳз натиҷаи чунин ташаббусҳои Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи ҷомеа ҷаҳон ба масъалаи обшавии пиряхҳо имкон дод, ки имрӯз дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” фаъолият дошта, барои муайян намудани вазъи пиряхҳо экспедитсияҳои омӯзишӣ ташкил мекунад.

Тафсилоти бештари мавзӯъ вобаста ба вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва   дурнамои фаъолияти Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соатҳои 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”– и радиои “Ховар” бо иштироки профессор Абдулҳамид Қаюмов, директори Маркази омӯзиши пиряхҳо дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

Июнь 22, 2020 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад