COVID-19. Дар ҷаҳон шабонарӯзи гузашта тақрибан 130 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шудаанд

Июнь 5, 2020 09:14

ДУШАНБЕ, 05.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 5 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 129 ҳазору 990 нафар зиёд шуда, ба 6 миллиону 698 ҳазору 615 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 249 ҳазору 457 кас шифо ёфтаанд ва 393 ҳазору 142 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 924 051 нафар), Бразилия (615 870), Россия (441 108), Испания (287 740), Британияи Кабир (281 661), Италия (234 013), Ҳиндустон (226 770), Германия (184 923), Перу (183 198) ва Туркия (167 410) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (712 252 нафар), Бразилия (274 997), Россия (204 623), Германия (167 800), Италия (161 895), Туркия (131 778), Эрон (127 485), Ҳиндустон (109 462), Чили (95 631) ва Чин (78 327) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (110 173 нафар), Британияи Кабир (39 904), Бразилия (34 039), Италия (33 689), Франсия (29 065), Испания (27 133), Мексика (12 545), Белгия (9 548), Германия (8 736) ва Эрон (8 071) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Июнь 5, 2020 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон