COVID-19. Татбиқи тадбирҳои судманди Тоҷикистон имкон дод сатҳи иқтисоди миллӣ муътадил нигоҳ дошта шавад

Июнь 18, 2020 10:09

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва раҳоӣ аз мушкилоте, ки дар пайи хуруҷи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ба вуҷуд омадааст, тамоми кишварҳои пешрафтаи олам саъю талош меварзанд то шароити иқтисодии кишварашон рӯ ба беҳбудӣ оварад.

Дар Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мухбири АМИТ “Ховар” иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина тадбирҳои муҳиму созандаеро рӯйи даст гирифта, дар пайи амалӣ намудани он сатҳи иқтисоди миллиро то андозае муътадил нигоҳ дошт. Яке аз чунин тадбирҳо ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020  «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки онро метавон иқдоми саривақтӣ ва  хирадмандонаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

“Ин тадбир дар баробари дигар иқдомҳое, ки   ба хотири  кам кардани таъсири манфии  бемории сироятии коронавируси COVID-19  ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар  мавриди амал қарор гирифтааст, хеле муҳим ва зарурӣ мебошад, зеро он ба хотири  дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон ва табақаҳои аҳолии осебпазир, инчунин таъминоти иҷтимоии онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ дар кишвар мебошад”, — тазаккур доданд дар Фонд.

Мавриди зикр аст, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020  «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 3 банд ва 25 зербанд иборат аст, дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба табобат фаро гирифтани беморони сироятёфта аз коронавируси СOVID-19, расонидани кӯмак ба маъюбону оилаҳои ниёзманд, иловапулӣ барои кормандони соҳаи тиб, мавқуф гузоштани масъалаи баланд бардоштани тарифи як қатор хизматрасониҳо, ҷудо намудани маблағҳои мақсаднок  барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ, пешниҳоди сабукиҳо ва имтиёзҳо ба соҳибкории хурду миёна ва соҳибкорони инфиродӣ, додани афзалият ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ зикр шудаанд.

Сарвари давлат супориш доданд, ки Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо намояд.

«Воқеан имрӯз бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат ва дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ, молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи содиротии кишвар ба хориҷ   рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст, ки ин ҳам яке аз самтҳои асосии ғанигардонии буҷет аз ҳисоби маҳсулоти содиротӣ арзёбӣ мегардад.  Дар ҳамбастагӣ ба   иҷро гардидани  дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ, имрӯз яке аз ҳадафҳои асосии Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» арзёбӣ мегардад. Фонд барои дастгирӣ намудани соҳибкорони фаъолияти кориашон рӯ ба содирот равонакардашуда қарзҳои имтиёзнокро бо 12% солона пешниҳод менамояд, ки ин маблағҳо ба муддати то ба 3 сол буда, имконияти мусоиди фаъолияти соҳибкории истеҳсолиро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки қарзҳои пешниҳодгардидаи Фонд бо чунин фоиз ин имконияти мувофиқи берақобат бо Бонкҳои фаъоли кишвар буда, чунин қарзҳоро бо фоизи паст, дигар ташкилотҳои қарзӣ қариб, ки пешниҳод намекунанд. Дар давоми фаъолияти 7 солаи худ Фонд тавонистааст ба беш аз 202 субъекти соҳибкорӣ маблағҳои қарзиро бо 12% солона пешниҳод намояд, ки ҳаҷми умумии ин маблағҳо 304,1 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин маблағҳо ба беш аз 16 самти муайяни фаъолияти соҳибкорӣ равона гардидаанд. Ҳамзамон, қисмати зиёди ин маблағҳо маҳз барои таҷдид ва азнавсозии корхонаҳои истеҳсолии молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронкунанда пешниҳод карда шудаанд”, — чунин арзёбӣ намуданд иқдоми навбатии Президенти мамлакатро дар Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ.

Илова намуданд, ки тӯли фаъолият Муассиса ба 33 соҳибкорзан ба маблағи беш аз 22.2 млн. сомонӣ  қарзҳоро пешниҳод намудааст, ки як ҳиссаи муайяни қарзҳои пешниҳодшударо дар бар гирифта, ҳамзамон ба самтҳои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои дузандагӣ, сардхонаи нигоҳдории меваю сабзавот, таъсиси корхонаи яхмосбарорӣ, истеҳсоли лампаҳои каммасраф, истеҳсоли маҳсулоти консервагӣ, коркарди мева ва истеҳсоли меваи хушк, истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҷамъиятро дар бар мегирад, ки ин дар амал татбиқ шудани   Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020  «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро собит менамояд.

Дар Муассиса кормандон таҳти шиори “Меҳнати софдилона ба халқу миллат, самараи саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷамъият” фаъолият намуда, назорати дурусти самаранок истифодабарии маблағҳои қарзиро аз ҷониби қарздорон ба роҳ мондаанд, ки то ба имрӯз маблағҳои қарзии ғайримақсаднок истифодашаванда ва ё ба таъхирафтода қариб, ки мушоҳида намешавад. Соҳибкорони масъулиятшиноси ватание, ки имрӯз аз Фонд маблағҳои қарзиро баҳри рушди соҳаи соҳибкориашон гирифтаанд бо як масъулияти баланд бо пардохти саривақтии фоизҳои қарзӣ ва маблағҳои гирифташуда ҳам фаъолияти соҳибкориашон рушд ёфта истодаасту ҳам дастгирии саривақтии соҳибкорон аз ҷониби давлату ҳукумат арзёбӣ мегардад. Тавре болотар   аз бемории COVID-19 ва имконияти  рушди соҳаи боғу токпарварию   кишоварзӣ дар Тоҷикиистон зикр карда шуд, мисол овардани як ширкати ватанӣ, ки имрӯз берун аз Тоҷикистон ному шарафи миллат ва ҳамзамон таъму шаҳди меваҷоти кишварро муаррифӣ намудааст, ба маврид аст.

Корхонаҳои хурду бузурги ватанӣ, ки имрӯз бо фаъолияти самараноки худ нуфузи кишварро дар бозори беруна баланд бардоштаанд,  дар  Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи хоса доранд. Ин ҷамъиятҳо оғоз аз рӯзи фаъолият то ба имрӯз маблағҳои қарзии аз Фонд гирифташударо мақсаднок истифода намуда сол ба сол фаъолияти истеҳсолӣ ва содиротии худро васеъ намуда истодаанд. Корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ “Гулистони Душанбе” , ҶДММ “Зардолу ва кампания”, ҶДММ “Чарм” ва ҶДММ “Ваҳдат” бо маҳсулоти худ имрӯз  ҷиҳати дарёфти бозори нав, ин корхонаҳо  на танҳо дар бозорҳои Россия, балки дар бозорҳои Беларусия, давлатҳои Аврупо   ва ба Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳсулотҳои худро содирот намуда истодаанд.

“Бо дар назардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020  «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнокро пешниҳод менамояд. Имконияти мусоид бо фоизҳои дастрас барои рушди субъектҳои соҳибкории ватанӣ имрӯз пурра фароҳам оварда шудааст. Танҳо соҳибкорон метавонанд ба хотири рушди бахшҳои гуногуни истеҳсолоти ватанӣ ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда, имрӯз аз тамоми имкониятҳои самараноки Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” истифода баранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми муносиб гузоранд”, — иброз доштанд дар хотима масъулини Фонд.

Июнь 18, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд