Дар барномаи навбатии «Бозтоб»-и Радиои «Ховар» чораҳои амалишаванда дар мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Коронавируси нави COVID-19 имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ аз олудашавӣ аз ин вабои аср эмин набуда, соҳаи тандурустии ҳамаи кишварҳо бо он дастбагиребонанд. Мутаассифона теъдоди муайяни сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва ҳар як инсон ҷиҳати сироят наёфтан ва ё пешгирӣ намудани бемории мазкур аз тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва коршиносони соҳа истифода бурда истодааст.
Аммо, саволи матраҳ ин аст, ки мутахассисони соҳа бо нигаронӣ иброз медоранд, ки рӯзҳои охир сокинони мамлакат нисбати бемории мазкур фориғболӣ зоҳир намуда, теъдоди нафарони гаштугузоркунанда бе ниқоб ва инкоркунандаи масофаи амниятии байниҳамдигарӣ ва ё маводҳои антисептикӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар ҳоле ки табибон ва таҳлилгарони соҳаи тандурустӣ пурзӯр нигоҳ доштани талаботҳои барои аҳолӣ ҷорикардаро то давраи муайян зарур ва ҳатмӣ медонанд.
Чаро мардум рӯзҳои охир нисбати ин бемории сироятӣ бепарвоӣ зоҳир намуда истодаанд ё худ чаро бархе сокинон тавсияҳои ниҳодҳои дахлдорро иҷро наменамоянд? Ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъ дар барномаи навбатии «Бозтоб» 17.06.2020, соати 09:30, (асл) 17:30 (такроран) ва 21:30 аз радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз мавриди баррасиву таҳлили коршиносони соҳа қарор мегирад.
«Бозтоб»-ро пайгирӣ намоед!








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






