ФУРСАТ ҒАНИМАТ. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷамъоварии ғалладонагиҳо бо маром ҷараён дорад

Июнь 24, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 24.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ, алалхусус вилояти Суғд иҷрои корҳои саҳроӣ, чун ҷамъоварии сабзавоту мевагиҳо, ғундоштани ҳосили картошкаи барвақтӣ, инчунин дарави ғалладонагиҳои хӯшадор ва хошок бо маром ҷараён доранд. Аз ҷумла, дар майдонҳои гандумзори ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва техникаҳои кишоварзӣ муташаккилона идома дорад. 

Тавре Азиз Набиев, масъули шуъбаи кор бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, имрӯзҳо кишоварзони ноҳия ҷиҳати сари вақт ва босифат кишт ва ҷамъоварӣ намудани ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани дастархони мардум ва дар сатҳи дастрас нигоҳ доштани нарху навои маҳсулоти озуқаворӣ корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.

Ба хусус, айни ҳол дар ноҳия маъракаи ҷамъоварии ғалла бо вусъат идома дошта, ҳамарӯза дар майдони 200-210 гектар дарави ғалладонагиҳо гузаронида шуда истодааст.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ дар ноҳия ҳамагӣ дар майдони 4369,3 гектар ғалладонагиҳо кишт шуда, аз он 1947,4 гектарашро гандум, 2400,1 гектарро ҷав ва 21,8 гектарро лӯбиёгиҳо ташкил медиҳад.

Баробар ба 23-июни соли ҷорӣ дар ноҳия 3867 гектар замин дарав шуда, ҳосилнокии умумии миёна аз ҳар гектар 25,8 сентнериро ташкил намуда, аз он ҳосилнокии заминҳои обӣ 39,3 сентнер ва заминҳои лалмӣ 9,7 сентнерро дар бар мегирад.

Июнь 24, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад