«ХИДМАТГУЗОРИ ХАЛҚУ ВАТАН БОШЕМ!» Чунин изҳор намуд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар иртибот ба рисолати ВАО дар инъикоси рӯйдодҳо
ДУШАНБЕ, 12.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаб, ки ҷаҳонро таъсири бемории COVID-19 фаро гирифтааст, дар баробари табибон рўноманигорон ҳам, ҷиҳати раҳоӣ ёфтан аз ин зуком талош карда истодаанд. Онҳо доир ба вазъи паҳншавӣ, роҳҳои пешгирӣ ва ҳолати беҳдоштиву санитарии муҳити атроф ва масъалаҳои дигари алоқаманд ба он изҳори назар карда, хабарҳоро сари вақт тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Албатта ин амалашон хуб ва боиси сарфарозист.
«Аммо баъзе аз рўзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои маълумотӣ ва блогерҳои алоҳида ин зукоми гузарандаро баҳона карда, ба ҷойи шарҳи дурусти беморӣ ва пешгирии он дар ҷумҳурӣ ба масъалаҳои сиёсӣ ва ғаразҳои шахсӣ даст зада, муҳити орому осудаи кишварамонро бо ахбори бардурўғ ва буҳтонҳои зиёд, махсусан дар ҳаққи Сарвари давлат ва хонадони вай халалдор карда истодаанд», — изҳор намуд ба АМИТ «Ховар» Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА.
Дар идомаи суҳбат академик А. Раҳмонзода чунин афзуд:
Дар чунин вазъияти нозук рўзноманигорони моро зарур аст, ки бо таҳаммул, дар доираи одоби касбӣ ва меъёрҳои мавҷуда андеша ронда, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро ба таври холисона тасвир намоянд ва ҳар як воқеаро аз нуқтаи назари ҳақиқати иҷтимоӣ ва таърихӣ баҳогузорӣ кунанд.
Махсусан, рўзҳои охир дар фазои иттилоотии Тоҷикистон баъзе рўзноманигорон бо баҳонаи бемории зукоми нав ҳангомаҳо паҳн карда, фазои осоиштаи кишварро халалдор сохтаанд. Онҳо ба ин восита шахсияти худро муаррифӣ карда, доир ба масъалаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз нуқтаи назари субъективӣ муносибат менамоянд.
Тоҷикистони азиз дар даҳсолаи охир рў ба рушд ниҳода, соҳиби дастовардҳои назаррас гардидааст. Мо бояд ба ин пешравии кишвар аз рўи принсипи адолати иҷтимоӣ баҳо диҳем ва онро воқеъбинона таҳлил намоем. Дар ин вақт боз ҳам муттаҳид шуда, соҳиби обрў ва эҳтироми умум мегардем. Дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки ба рўйдодҳои муҳимми ҷомеа воқеъбинона назар андозем ва ваҳдати миллиеро, ки бо заҳмати арзандаи халқ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, халал ворид насозем.
Дар кишваре, ки бо чунин суръат рушд меёбад, баробари комёбиҳо албатта камбудиҳо низ вуҷуд доранд. Ин норасоиҳоро агар рўзноманигор ошкор намояд, ҳеҷ боке нест ва ислоҳи он ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Вале ҳангоми таҳлил рўзноманигор одоби танқидро бояд риоя намояд ва матлабро тарзе пешниҳод созад, ки шахси масъул аз пайи ислоҳи он саъю кўшиш кунад ва хонанда низ аз тарзи баён ва андешаи нависандаи он изҳори хушҳолӣ намояд. Ин усули корро дар мамлакат бисёре аз рўзноманигорони давлатӣ ва мустақил истифода карда, рўйирост, воқеъбинона камбудиҳои роҳбарон ва масъулони корхонаву муассиса ва набзи ҷомеаро инъикос мекунанд. Ин гуна хабару мақолаҳои воқеъбинона аз ҷониби умум пазируфта шуда, масъулон аз пайи рафъи он кўшиш мекунанд ва фаврӣ ба рўзномаву шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавоб ирсол менамоянд. Ҳатто иддае аз роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ҳангоми саволу ҷавоби телефонӣ бо рўзноманигор аз камбудӣ огоҳӣ ёфта, аз пайи ислоҳаш талош менамоянд. Ин амали шоиста дар ҷумҳурӣ сол ба сол беҳтар шуда, ба ҳукми анъана табдил ёфтааст.
Аммо чунин ҳам ба мушоҳида мерасад, ки баъзе рўзноманигорон ба ҷойи мусоидат кардан ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳо бештар ба ғайбатгўӣ, кинаҷўӣ ва санг задан ба пешонии «объекти таҳлил» машғул шуда, аз доираи салоҳияти худ берун мераванд ва таҳқир кардану зишт гуфтанро пешаи кори худ менамоянд. Дар чунин ҳолатҳо на танҳо одоби рўзноманигорӣ риоя намешавад, балки маърифати касбӣ ва маънавиёти шарқӣ тамоман фаромўш шуда, аз ахлоқи одамӣ чизе боқӣ намемонад.
Ин гуна рўзноманигорони «хушқалам» ба ҷойи инъикоси ҳақиқат ҳангома сохта, «аз пашша фил месозанд». Чунончи, дирўз портали маълумотҳои дақиқ ва воқеии «Дурбин» доир ба сафари кории Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба ноҳияи Мастчоҳ хабар чоп карда, ишора намудааст, ки гўё «Ёрдамчии Президент ба кору фаъолияти сокинони ноҳия баҳои 2 гузоштааст».
Ҳол он ки як рўз пеш аз ин хабар Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд аз сафари кории Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ба ноҳияи Мастчоҳ тавассути АМИТ «Ховар» ва саҳифаи Facebook – и худ хабар дода, аз рафти корҳои анҷомёфта гузориш интишор карда буд. Дар ҳақиқат мо дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳар як иншоот дидан карда, ба сохтмончиёне, ки бо ҳисси баланд заҳмат мекашанд, изҳори ташаккур намудем. Камбудиҳои ҷойдоштаро, ки дар ҳар як иншоот ба назар мерасид, ба роҳбарони он иброз карда, то санаи 20 июн барои ислоҳи онҳо муҳлат муқаррар менамудем.
Ба маълумоти сокинони кишвар расониданием, ки дар ноҳияи Мастчоҳ касри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст, варзишгоҳ барои 10000 тамошобин, як қаср барои паҳлавонон, ду корхонаи паррандапарварӣ, шуъбаи маориф, ду кўдакистон, се мактаб бунёд шуда, дар ин иншоот сохтмончиён бо ҳисси баланд фаъолият доранд. Мо дидем, ки дар ҳамаи иншооти ҷашнӣ кор бомаром идома ёфта, аҳолӣ бо ҳисси баланд дар пайи ободии ноҳия мебошанд. Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Мастчоҳ бошад, кас бо бунёди биноҳои хушсохт назар карда, ифтихор мекунад, ки мардуми тоҷик низ тарзи бунёди хонаҳои истиқоматиро ёд гирифта, зиндагии шоистаро пеша намудааст. Хушбахтона, маркази шаҳраки Мастчоҳ симои худро ба куллӣ тағйир дода, иншооти нав симои онро боз ҳам зебо сохтаанд.
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ин ободкориҳо рўҳбаланд шуда, хонаҳои зебои ду ва сеошёна бунёд доранд ва рўзҳои шанбе ва якшанбе ба ҳашар баромада, гирду атрофи дару девори худро ба тартиб медароранд ва дар ободии кўчаву роҳравҳо саҳм мегузоранд.
Мо ин бунёдкорӣ ва пешравиҳоро дида, аз татбиқи супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хушҳол шуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Мастчоҳ изҳори ташакур намудем. Ин ҳамаро нодида гирифтан ва баҳои «ду» гузоштан ба пиндошти мо ноадолатист.
Баҳоро ба кори сокинони ноҳия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба ин ноҳия медиҳанд. Мо бошем, танҳо барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳат дода, ҷиҳати босифат гузаронидани чорабиниҳо пешниҳод манзур менамоем.
Мардуми ноҳияи Мастчоҳ сулҳу суботро қадр мекунанд ва ба ҳар гуна навиштаҳои рўзноманигори ҳангомаҷў фирефта нашуда, ба ободкорӣ машғуланд. Ҳатто вақти хондани чунин хабарҳоро низ надоранд. Ифтихор мекунанд, ки дашти Дилварзин ба шаҳраки дилҳо табдил ёфта, ободу зебо гардида истодааст. Ҳама дар пайи кору заҳмат буда, ба ҳангомаҳо бовар надоранд. Аз ин рў, рўзноманигори «муҳтарам»-и портали «Дурбин»-ро лозим меояд, ки пеш аз навиштани чунин хабарҳо андеша намояд ва ба афкори мардум халал ворид насозад.
Дар шароити феълӣ рўзноманигорон, ки қишри фаъол ва ҳушёри ҷомеа мебошанд, пеш аз ҳама, бояд дар бораи истиқлоли миллӣ, ваҳдати комил ва амнияти давлатӣ андеша ронанд ва офтобро аз паси панҷа надида, ба рушди босуботи Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Умедворем, ки минбаъд мо яктану якҷон шуда, дар пайи ободии кишварамон талош меварзем ва сатҳи зиндагии халқро беҳтар карда, аз ин зукоми вазнин халос мешавем ва боз ҳам аҳлона ба нафъи халқу Ватан хидмат менамоем.