Имкониятҳои инфрасохтори сайёҳӣ дар деҳоти Тоҷикистон ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи сипаришуда дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома оид ба маблағгузории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» баррасӣ ва қабул гардид.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи грантӣ дарёфт намуд.
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки лоиҳаи мазкур дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори соҳа дар деҳоти мамлакат роҳандозӣ мегардад.
«Лоиҳа дар давоми солҳои 2020-2023 амалӣ гардида, ба беҳтар намудани сарчашмаҳои таъминот барои аҳолии маҳаллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон тавассути туризм ва агробизнес мусоидат менамояд. Дар заминаи татбиқи лоиҳаи мазкур дар чор мавзеи таърихию сайёҳии кишвар, аз ҷумла ёдгориҳои таърихии “Хоҷа Машҳад”, “Чилучорчашма”, “Ҳулбук” дар вилояти Хатлон ва Қалъаи “Ямчун” дар ВМКБ бозсозӣ шуда, ба сатҳи байналмилалӣ расонида мешаванд», — илова намуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи арзёбиҳои коршиносони байналмилалӣ дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва дар баробари ин афзоиши шумораи сайёҳон, Тоҷикистон дар солҳои наздик ба яке аз кишварҳои сайёҳӣ табдил хоҳад ёфт. Барои расидан ба ҳадафҳои мазкур имрӯзҳо Кумитаи рушди сайёҳӣ бо тамоми ҷонибҳои ҳавасманд, аз ҷумла бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро ҷоннок намуда истодааст.
Тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои рушди туризми байналмилалӣ дар кишвар меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллидошта, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин, бренди сайёҳии кишвар васеъ тарғибу ташвиқ гардида, ба меҳмонону сайёҳон имкониятҳои беназири сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, сайру гашт, хурокҳои лазиз ва анъанаҳои қадимаи миллӣ, армуғонҳо, меваҳои шаҳдбор ва гиёҳҳои шифобахш пешниҳод карда мешаванд.










Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд
Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД. Барои ҷомеаи муосири мо ин се даҳсола асри таҳаввулоти ҷиддии фикрӣ, технологӣ ва менеҷмент ба шумор меравад






