Инсон як ҷузъи табиат аст. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист

Июнь 5, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 05.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ имкон  медиҳад, ки  насли наврас на танҳо дар рӯҳияи табиатдӯстӣ ва ҳифзи он тарбия гардад, балки дар замири онҳо эҳёи илмҳои табиатшиносӣ низ  бедор гардад. Ин нуктаро дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан АСОЕВ вобаста ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5 июн дар саросари олам таҷлил мешавад, изҳор дошт.

Коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев пешниҳоди солҳои 2020-2040 – ро ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва саривақтӣ номида, яке аз ҳадафҳои онро ҳавасманд гардонидани насли ҷавони мамлакат ба омӯзиши табиати Тоҷикистон ва ба ин васила тадриҷан саҳм гузоштан дар рушди илми муосир арзёбӣ намуд. «Танҳо рушди илми муосир ва натиҷаҳои бадастовардаи илмӣ дар соҳаи экология  имкон медиҳанд, ки инсон муаммоҳои дар табиат рӯйдодаро пешгирӣ намояд», — таъкид менамояд Ҳасан Асоев.

«Ҳарчанд рушди технологияҳои муосир ҳоло инсониятро ба яке аз омилҳои таъсиррасон  ба муҳити зист табдил додааст, аммо набояд фаромӯш кард, ки инсон дар табиат на шоҳ асту на гадо, балки як ҷузъи он буда, мувофиқи қонунҳои он зиндагӣ мекунад», — таъкид намуд коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зарурати  Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро Ҳасан Асоев дарки дурусти аҳамияти табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа номида, изҳор дошт, ки «маҳз омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ  ба мо имкон медиҳад мавқеи хешро дар табиат дарк намуда, вобаста ба қонунҳои табиат муносибати худро нисбат ба он ба роҳ монем, то таназзули табиат ба вуҷуд наояд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат 18 марти соли 2020 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуда буданд, ки давоми 6 моҳ  шабакаи нави телевизиониро бо номи «Илм ва табиат» таъсис дода, дар ин шабака ва шабакаи «Баҳористон» таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд ва дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабакаҳо дастовардҳои илми ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсиониро муаррифӣ созанд.

«Ташкили шабакаи нави телевизионии «Илм ва табиат» мустақиман ва ғайримустақим ба ташаккули маърифати илмии на танҳо хонандагону муаллимон, балки аҳли ҷомеа мусоидат мекунад», — таъкид менамояд Ҳасан Асоев.

Ба андешаи номбурда, бо пешниҳод намудани ҷараёни дарсҳои омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аз манотиқи гуногуни мамлакат ва ҳатто берун аз он шабакаи «Илм ва табиат» метавонад мададгори омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ гардад.

                                                     Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид