Масъалаи ташкили фонди дастгирии зиддибуҳронии сайёҳӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар видеоконфронсе, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ баргузор шуд, масъалаи ташкили фонди дастгирии зиддибуҳронии сайёҳӣ баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар видеоконфронси мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода, намояндагони шарикони рушд ва донорҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Ширин Амонзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон субъектҳои соҳаи сайёҳӣ тариқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ дастгирӣ шуда истодаанд.
Тазаккур дода шуд, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади коҳиш додани таъсири COVID-19 ба саноати сайёҳӣ таъсиси фонди зиддибӯҳронии дастгирии сайёҳиро пешниҳод менамояд. Фонд барои дастгирии субъектҳои соҳаи сайёҳӣ дар ҳама сатҳҳои занҷираи саноати соҳа равона карда мешавад.
Иштирокчиёни видеоконфронс оид ба ин масъала табодули афкор намуда, барои ҳамкорӣ ҳавасмандии худро иброз доштанд.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






