Милитсияи Суғд чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишӣ ва огоҳикунанда мегузаронад
ДУШАНБЕ, 02.06.2020. /АМИТ Ховар/. Бо дастури роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, санҷишӣ ва огоҳикунанда пурзӯр карда шудааст. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Корҳои назоратӣ бо назардошти рафтуомади зиёд ва шиддатнокии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хуҷанд бештар ба роҳ монда шудаанд.
Зимни амалӣ кардани чорабиниҳои якҷояи шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсат ва хадамоти бахши хизмати шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд, инчунин гузаронидани санҷиш дар кӯчаю бозор, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя нагаштани чораҳои беҳдоштие, ки соҳаи тандурустӣ тавсия медиҳад, аз қабили бе ниқоби муҳофизатӣ ба кӯча набаромадан, риояи ҳолатҳои санитарӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва дигар қоидаҳои ҳифзкунанда аз вирус ба назар расиданд.
Масалан, дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе»-и ш.Хуҷанд ҳарчанд маъмурияти бозор лавҳаи огоҳкунанда насб намудааст, вале аз ҷониби баъзе фурӯшандаҳои нуқтаи савдо бепарвоӣ зоҳир мешавад. Дар ҳудуди бозор бе ниқоб ва лавозимоти санитарӣ машғул шудан ба фурӯши молу маҳсулот ба назар мерасад, ки ҳайати корӣ бо ин нафарон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронид.
Дар баробари фурӯшандаҳо шаҳрвандоне низ мушоҳида шуданд, ки ба ҳифзи саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуда, бе ниқоб гаштугузор намуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекарданд.
Қоидаҳои санитарии аз ҷониби Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавирус пешбинишуда дар бозори «Афросиёб»-и шаҳри Хуҷанд ба таври зарурӣ ба рох монда шуда, дар чор даромадгоҳи бозор мутасаддиён вобаста шудаанд, ки баъди санҷиш бо дастгоҳи ҳароратсанҷ ва истифодаи маҳлули антисептикӣ иҷозати вуруд ба бозор медиҳанд.
Санҷишҳои милитсия дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ҷойҳои гаштугузори одамон идома дошта, бо аҳолӣ ҷиҳати риояи тавсияҳои Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ дар се самт — тавассути баландгӯякҳои нақлиёти хизматӣ, суҳбати рӯ ба рӯ бо аҳолӣ ва санҷиши нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ гузаронида мешаванд.








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






