Омодагиҳо ба соли нави таҳсил. Шиносоии Вазири маориф ва илм аз муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Муъминобод

Июнь 16, 2020 12:05

ДУШАНБЕ, 16.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати омодагии муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба соли нави таҳсил, сафари Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ин минтақа сурат гирифт.   

Тавре аз Вазорати маориф ва илм ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  Муҳаммадюсуф Имомзода дар доираи  сафари худ ба рафти омодагиҳои муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 7, 9, 10 ва 19-и  ноҳияи Муъминобод ба соли нави таҳсил шинос шуд. Зимни шиносоӣ аз муассисаҳои мазкур иттилоъ дода шуд, ки соли равон аз ҷониби Бунёди Миллии Иҷтимоии Маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) сохтмони 10 синфхона барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №9 деҳаи Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба анҷом расида, муҷаҳҳазгардонии муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ идома дошта, дар назар аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ он ба истифода дода шавад.

Дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии лоиҳаҳои Бонки Исломии Рушд дар ноҳияи Муъминобод сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №5 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангдара, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №7-и деҳаи Туту ва сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №10 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Бӯстон ба рӯйхати иншооти сохташаванда ворид карда шудааст.

Вазири маориф ва илми мамлакат дар доираи боздид аз муассисаҳои таълимии номбурда бо омӯзгорону кормандони муассисаҳо вохӯрӣ намуда, доир ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф, риояи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мусоидат намудан дар самти пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ сухан кард.

Номбурда аз ҷумла иброз дошт, ки бояд  заминҳои назди муассисаҳои таълимӣ самаранок истифода шуда, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва ҳамкории волидайн бо мактабу омӯзгор дуруст ба роҳ монда шавад.

Июнь 16, 2020 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид