Пандемияи коронавирус ба лоиҳаҳои ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» 60% таъсир расонид
ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 60% лоиҳаҳои ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» (КР) аз пандемияи COVID-19 каму беш зарар дидаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории МИА «Казинформ» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи панҷшанбе дар ҷараёни брифинг дар бораи натиҷаҳои видеоконфронси сатҳи баланд дар бораи ҳамкории байналмилалӣ оид ба «Камарбанд ва роҳ» Директори Департаменти иқтисодиёти байналмилалии ВКХ ҶМЧ Ванг Сяолонг иттилоъ дод.
«Тақрибан 20% лоиҳаҳо ҷиддан осеб диданд, ба 40% -и онҳо ба ин ё он андоза таъсир расидааст, мутаносибан 40% -и дигар тибқи ҷадвал иҷро мешаванд», — қайд намуд дипломати хитойӣ.
Ван Сяолонг таъкид кард, ки ҷониби Чин алоқаманди лоиҳаҳои дарозмӯҳлати сарҳадӣ мебошад ва ният дорад, ки ҳарчи зудтар онҳоро татбиқ намояд.
Тибқи омор, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ сармоягузории Чин ба иқтисодиёти кишварҳои узви ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» то 11,7% ва муомилоти амвол то 3,2% афзоиш ёфтааст.
Шумораи парвозҳо ва гардиши бор дар масири ҳамлу нақли мунтазами борҳо тавассути роҳи оҳани «Чин–Европа» дар чор моҳи соли 2020, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан 24% ва 27% зиёд шудааст.Ёдовар мешавем, ки ибтикори Чин «Камарбанд ва роҳ» ду лоиҳаро — «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим» ва «Роҳи баҳрии абрешими асри 21»-ро муттаҳид мекунад.
ДАР АКС: Директори Департаменти иқтисодиёти байналмилалии ВКХ ЧХХ Ван Сяолун/ © Артем Иванов/ТАСС








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






