Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи паррандапарварии ҶДММ «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ карданд

Июнь 30, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фермаи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ намуданд.

Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд карда шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, он аз 7 қисм иборат мебошад ва дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст. Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода шуд, ки корхона дар вилояти Суғд яке аз калонтарин коргоҳҳои хушзоткунии паранда ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли гӯшти мурғ дар як моҳ 100 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо ва мурғҳои гӯштӣ ба таври автоматӣ назорат карда мешавад.

Гӯшти мурғ дар кишвари мо яке аз маҳсулотҳои серталабот ба шумор рафта, ҷиҳати густариши ин соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ имрӯз самар меорад ва дар мамлакат теъдоди чунин корхонаҳо тадриҷан зиёд карда мешавад.

Бино ба маълумоти оморӣ, танҳо дар вилояти Суғд дар давоми 5 моҳи соли 2019 агар 586,6 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол шуда бошад, пас ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2020 ба 3062,4 тонна баробар гардид. Ин ба он маъност, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъалаи муҳим, ки як бахши муҳими амнияти озуқаворист, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Бо ба истифода додани фермаи паррандапарварии ҶДММ «Чӯҷаи Байзо», воридоти гӯшти мурғ ба мамлакат боз ҳам коҳиш меёбад.

Зимни боздид Пешвои муаззами миллат ҷиҳати васеъ гардонидани истеҳсолот ва афзоиш додани истеҳсоли гӯшти мурғ ба масъулони соҳаи кишоварзии мамлакат супоришҳо доданд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи фермаи мазкур дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.

Дар навбати худ паррандапарварон низ ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди коргоҳ як сехи коркарди хӯроки паранда ташкил менамоянд ва ба ин васила шумораи кормандонро зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш медиҳанд.

Ифтитоҳи фермаи парандапарварии ҶДММ "Чӯҷаи Байзо" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30.06.2020

Июнь 30, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Ватикан боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд