Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Беморхонаи сироятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Июнь 30, 2020 07:05

ДУШАНБЕ, 30.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як иншооти тиббии дигар — бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳиявиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони бинои мазкур соли 2018 оғоз гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файз» анҷом додааст.

Бояд зикр намуд, ки деҳоти Хистеварз дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин минтақаҳои аҳолинишин ба шумор меравад ва зарурати бунёди чунин беморхона солҳо боз ба миён омада буд. Бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин беморхона ба истифода дода шуд.

Дар Беморхонаи сироятӣ 56 воҳиди корӣ ташкил карда шудааст ва ба бештар аз 63 ҳазор аҳолии ҷамоат 2 табиби сироятшинос, 11 ҳамшираи шафқат ва 5 корманди хурди техникӣ хизмат мерасонанд. Беморхона дорои 40 кати хоб, 10 ҳуҷраи табобатӣ ва 12 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Утоқҳои табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Аз ҷумла бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумати вилоят ва ноҳия беморхона бо 2 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 адад оксигенератор, 4 адад кардиомонитор, 2 адад инфузомат, 1 адад дефибриллятор, 1 адад рентгени сайёр, нуқтаҳои оксигени табиӣ ва дигар таҷҳизоти барои ташхис ва табобати бемориҳои хавфноки сироятӣ зарурӣ таъмин карда шуд.

Саҳни беморхона сафолакпӯш карда шуда, даромадгоҳ ва ҳавлии онро гулҳои рангоранг ва буттаву дарахтони ороишӣ зебо кардаанд. Акнун шароити кору фаъолияти табибони сироятшиноси ин ҷамоати сераҳолӣ ҷиҳати таъмини солимии шаҳрвандон комилан беҳтар гардид.

Ҳангоми боздиди Пешвои миллат аз беморхона, табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориашон нисбат ба кормандони соҳаи тиб, махсусан дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, вируси нави COVID-19 дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ асари худро гузошт. Ҳарчанд зиёд набуд, вале қисме аз сокинони ин ҷамоат низ ба ин маризии хавфнок сироят шуданд.

Тадбирҳои саривақтии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешидашуда, аз ҷумла ба роҳ мондани назорати ҷиддӣ дар сарҳади давлатӣ, маҳдуд кардани рафтуомади шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ, дастгирии амиқ ва ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб аз тарафи давлат ва ҷомеа, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ ва дигар тадбирҳои оҷилӣ боис гардид, ки хуруҷи аз ҳад беши ин маризӣ дар кишвари мо ба зудӣ гирифта шавад. Табибони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин нуктаро дар суҳбат бо Пешвои миллат баён намуданд ва барои ин ба роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар арзи сипос карданд.

Дар навбати худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табибон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми табобат, бо беморон пеш аз ҳама хушмуомила бошанд, зеро бемор бештар аз дигарон ба муомила ва сухани хуб муҳтоҷ аст, яъне табиб ҳам бо дорую дармон ва ҳам бо рафтору гуфтор шахси беморро муолиҷа мекунад.

Тибқи иттилои масъулони соҳаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҳамаи 12 ҷамоати деҳоти ноҳия беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мавҷуд аст ва дар муассисаҳои тандурустӣ норасоии кадрӣ эҳсос намегардад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи махсусгардонидашудаи сироятӣ дар оянда кори табибонро ҷиҳати пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи маризиҳои хавфноки сироятӣ боз ҳам босамар хоҳад кард.

Ба истифода додани бинои нави Беморхонаи сироятӣ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 30.06.2020

Июнь 30, 2020 07:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд