Роҳандозии корҳои безараргардонӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 09.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани сокинон ва пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавируси нави COVID-19, имрӯз аз тарафи Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе бозорҳои «Корвон», «Корвон плюс», «Корвон ситӣ», марказҳои савдои гирду атрофи он, бозорҳои «Панҷшер», «Ганҷина» ва дар дигар нуқтаҳои гирду атрофи он корҳои санитарию безараргардонӣ роҳандозӣ гардид.
Тавре аз Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар рафти амалӣ кардани корҳои безараргардониву профилактикӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, нозирони санитарии бозорҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии корҳои безараргардониву профилактикӣ дар бозорҳои пойтахт ин тайёрӣ ба оғози фаъолияти онҳо аз санаи 15 июни соли 2020 мебошад, ки қарори он аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе корҳои санитарию дезинфексионӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, бозорҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ аз моҳи феврал инҷониб роҳандозӣ гардидааст.








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!






