Шукрулло Хайрзода, ректори ДДМИ: Фармони Президент «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19» дар маҷмуъ ба нафъи мардуми кишвар равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 29.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат ва тадбирҳои таъсирбахши давлату Ҳукумати мамлакат 5 июни соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Фармон фарогири тадбирҳои мушаххас ҷиҳати дастгирии иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ мебошад, иброз дошт Шукрулло ХАЙРЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
«Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ дошта, имконият медиҳад, ки таъсири манфии буҳрони COVID-19 ба иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум пешгирӣ карда шавад», зикр намуд, ҳамсуҳбати мо.
Мавсуф моҳияти Фармони мазкурро ба ду самт, яъне ба тадбирҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қисмат намуд ва гуфт, тадбирҳои иҷтимоӣ фарогири таъмини варақаҳои корношоямӣ, пардохти ҷубронпулиҳо, нигоҳубини ройгони шаҳрвандоне, ки таҳти муоинаи тиббӣ қарор доранд ва ё сироят ёфтаанд, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони соҳаи тиб ва ғайра мебошанд.
Ҳамчунин Ш.Хайрзода афзуд, ки дар Фармони мазкур баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳои пулакӣ, аз ҷумла барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хадамоти коммуналиро то охири соли 2020 мавқуф мегузорад. Албатта, ин имконият медиҳад, ки нархҳо ва таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ танзим карда шаванд.
Ба андешаи ректори ДДМИ, тақвияти фаъолият дар самти харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ пешбинӣ шудааст, имконият медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат бо маводҳои мавриди ниёзи аввал ва стратегӣ таъмин гардад. Нархи молу маҳсулоти муайян танзим карда шуда, зимни анҷом додани хариди давлатӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият дода мешавад.
Тавре ҳамсуҳбати мо зикр намуд, Фармони мазкур як қатор сабукиҳои андозиро низ дарбар мегирад, ки аз нигоҳи илмӣ ва мазмуни иқтисодӣ муассир ба ҳисоб мераванд. Барои мисол, пешниҳоди таътили пардохтҳои андозӣ ва манъи ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳои дар ҳамин давра барои иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия аз ҷумлаи дастгириҳои хоси давлатӣ дар давраи буҳрон мебошад.
Ҳамчунин, сабукиҳои андозӣ барои соҳибкории хурду миёна аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ аз 01.05.2020 то 01.08.2020, таъхири пардохти андози иҷтимоӣ бидуни ҷавобгариҳои андозӣ аз 01.05.2020 то 01.09.2020, аз пардохти маблағи патент озод намудани намудҳои хоси соҳибкории инфиродӣ аз 01.05.2020 то 01.08.2020, таътил дар пардохти андоз аз амволи ғайриманқул барои шахсони воқеӣ аз 01.05.2020 то 01.09.2020 ва ғайра имконият медиҳанд, ки таъсири буҳрон ба иқтисодиёти мамлакат ба андозаи назаррас коҳиш дода шавад.
Бо назардошти вазъи ҷойдошта ҳамчунин танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, маводҳои тиббию беҳдоштӣ ва таҷҳизотҳои соҳавӣ, аз пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти онҳо, паст кардани андози даромад аз фоизи пасандози шахсони воқеӣ аз 12% то 6%, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ва таъминотӣ тиббӣ, ба хусус соҳибкорзанон ва дигар чораҳои институтсионалӣ пешбинӣ шудааст, ки аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ доранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ӯҳдадор гаштаанд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани пардохтпазирии низоми бонкӣ, анҷом додани пардохтҳои байналмилалӣ, мубодилаи асъор ва таъмини он, бознигарии меъёри бозтамвил, дастгириҳои субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеие, ки дар ташкилотҳои молиявӣ уҳдадории қарзӣ доранд ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ чораҷӯи намоянд.
«Ҳамин тавр, бо такя ба гуфтаҳои боло гуфтан мумкин аст, ки тадбирҳои дар Фармони мазкур пешбинишуда аз ҷумлаи ташаббусҳои беназири Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии мардуми кишвар ва соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ба ҳисоб мераванд. Татбиқ ва иҷроиши босифат ва саривақтии бандҳои Фармон имкон медиҳад, ки таъсири буҳрони ҷойдошта ба иқтисодиёти миллӣ коҳиш дода шуда, фаъолияти мунтазами он таъмин карда шавад», — мегӯяд Шукрулло Хайрзода.
Тавре ӯ иброз дошт, ҷаҳони муосир ба буҳрони шадид ва бесобиқаи молиявию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бар асари COVID-19 мувоҷеҳ гардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин навъ мушкилиҳо аз тавон ва доираи идораи инсоният берун ҷаста, на танҳо ба ҳаёти инсонҳо, балки ба фаъолият, сатҳу сифати зиндагӣ, руҳу равон ва дар маҷмӯъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ имрӯз ҳеҷ як давлатро аз равандҳои глобалӣ берун намонда, кулли тағйиротҳои ҷузъию куллӣ ҳамчун таконҳои хос ба иқтисодиёти миллии давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба инкишоф таъсир мерасонанд. Зеро аз оғози соли 2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 маҷмуи иртиботи ҳавоӣ ва заминии байни давлатҳо бо навбат маҳдуд ва ё пурра қатъ гардида, ҳамин тавр гардиши иқтисодиёти ҷаҳон халалдор гашт. Қатъи парвози ҳавопаймоҳо, рукуди соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо дар кору фаъолияти одамону ширкату корхонаҳо, коҳиши талабот ба молу хизматрасониҳои муайян, тавсеаи фазои номуайян ва хатарзо боиси он гаштанд, ки нишонаҳои буҳрон ва нуктаҳои заъф дар иқтисодиёти кишварҳо ба мушоҳида расад.
«Тоҷикистон ҳам чун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири буҳрони COVID-19 дар канор намонд. Давлату Ҳукумати мо аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси COVID-19 тадбирҳои мушаххас ва муассири пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии онро андешида, бо кишварҳои фарогир робитаҳои худро қатъ ва ё маҳдуд сохт. Дар баробари андешидани чораҳои беҳдоштӣ ва ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ ва муҳим дониста мешавад», — гуфт дар фарҷом Ш. Хайрзода.








EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид






