СММ ва СУТ пандемияро оқибати маҳви бераҳмонаи табиат медонанд

Июнь 18, 2020 09:49

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пандемияҳои мушобеҳи COVID-19 натиҷаи нобудсозии табиат аз тарафи инсоният мебошанд. Мутахассисони СММ ва СУТ ба чунин хулоса омаданд ва қайд намуданд, ки дар тӯли даҳсолаҳо ҷаҳон ҳақиқатро нодида мегирифт.Чунонки АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус «The Guardian» навиштааст. 

Тиҷорати ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ, инчунин маҳви ҷангалҳо ва дигар минтақаҳое, ки пойи инсон бар он нарасидааст, боиси хуруҷи бемориҳои зиёд мегардад.

Мутобиқи арзёбии СММ ва СУТ, дар оянда, то замоне, ки маҳвсозии бераҳмонаи табиати атроф қатъ нагардад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳо, аз ҷумла маризиҳои марговартар вуҷуд хоҳад дошт.

Дар аввали моҳи июн коршиносони бахши экологии СММ қайд карданд, ки Covid-19 «як ишора ба инсоният аст барои кумак», аммо тафаккури кунунии иқтисодӣ дарк намекунад, ки боигарии инсоният аз саломатии табиат вобаста мебошад. Сабабгори асосии бемориҳое, ки аз ҳайвоноти ваҳшӣ ба одамон мегузаранд, ин маҳви табиат, рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ, инчунин фурӯш ва истеъмоли ҳайвоноти ваҳшӣ мебошад, ки хатари  сироятёбиро зиёд менамояд.

СММ ва СУТ аз кишварҳо даъват мекунанд, ки қонунҳоро ҷиҳати  пешгирӣ аз маҳвсозии табиат, тиҷорати ғайриқонунӣ ва назоратнашаванда, инчунин истеъмоли ҳайвоноти ваҳшӣ аз тарафи одамон татбиқ намоянд.

        АКС: аз бойгонӣ

Июнь 18, 2020 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид