Тоҷикбачае дар Уфа худро қурбон сохта, кӯдаки ғарқшударо наҷот дод. Ҷасади ӯро бо ҳавопаймои махсус ба ватан мефиристанд.

Июнь 11, 2020 12:55

ДУШАНБЕ, 11.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи 7 июн дар Уфа ҷавони 18-сола ҳангоми аз дарёи Белая наҷот додани кӯдак ҳалок мешавад.Ӯ кӯдаки гарқшударо аз об берун кашида, худ  ба соҳил баромада натавонист. Ҷавони ҳалокшуда  Ҳоҷимурод Қаландарови 18-сола аз  Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Sputnik».

Пайвандони Ҳоҷимурод Қаландаров дар деҳаи Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ доранд. Ҳоҷимурод ба Уфа барои  таҳсил омада, донишҷӯи  Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон гардид. Рӯзи якшанбе ӯ ҳамроҳи дӯстонаш дар соҳили рӯди Белая  истироҳат мекард. Ҳоҷимурод кӯдаки ғарқшударо дида, филфавр худро ба дарё андохт ва ӯро ба соҳил тела дод. Вале худ наҷот наёфт. Обпаймойҳо ҷасади ӯро  танҳо баъди чанд соат пайдо карда тавонистанд .  Тамоми ин давра хешовандон умед доштанд, ки ӯ зинда аст, вале мӯъҷизае рӯй надод.

Пас аз марг ҳамватанонаш пул ҷамъоварӣ намуда,  мехоҳанд часади ҷавонро   ба ватан интиқол диҳанд,  то он ҷо ӯро ба роҳи охират гусел бикунанд.

Хабаргузориҳои русӣ  чунин менависанд:  «Маълум аст, ки Қаландаровро пас аз марг нияти мукофотонидан доранд».

Истифодабарандаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба пайвандони  Ҳоҷимурод изҳори тасаллият намуда, амали ӯро «қаҳрамонӣ» меноманд.

Тибқи иттилои  расонаҳо, мақомоти Бошқирдистон ба халқи тоҷик , хоса ба оилаи донишҷӯ Ҳоҷимурод Қаландаров, ки ҳангоми наҷоти кӯдаки ғарқшуда  худ ҳалок гаштааст,  ҳамдардии самимии худро баён месозанд.

Муовини сарвазири Бошқирдистон Фанур Ягафаров ба хабарнигорон гуфт:  «Сараввал мехоҳам ба оила ва пайвандони Ҳоҷимурод Қаландаров  таъзияи хешро арз намоям. Моро  мебояд тамоми ҷузъиёти ин фоҷиаро  бори дигар пурра бисанҷем, бо ин кор аллакай мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғуланд. Вале як чиз дақиқ аст, мо инсони мушфиқу меҳрубонеро аз даст додем, ки ӯ ба мусибати дигарон бетараф набудааст».

Фанур Ягафаров ҳамчунин қайд намуд, ки  масъалаи баргардондани ҷасади ҷавони марҳум  ба ватан ҳалли худро ёфта истодааст. «Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон дар ҳамдастӣ   бо Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа Саид Эмом Давлат ва роҳбарияти Маркази фарҳанги миллии тоҷикон дар шаҳри мазкур  аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамоянд. Мо бо бандарҳои ҳавоӣ дар тамосем ва ҳамчунин роҳҳои нақлиётиро низ  ба инобат мегирем», -гуфт  ноиби сарвазири Бошқирдистон.

Сафири Тоҷикистон дар Москва Имомуддин Сатторов дар мусоҳиба бо хабарнигорон ҳамчунин гуфт ки  «Бешубҳа, ин  қаҳрамонии   ҷавони тоҷик аст, ки ду кӯдакро наҷот дода тавонист».

Ба қавли ӯ , алҳол тамоми имкониятҳои фавран интиқол додани ҷасади ҷавони тоҷик  ба ватан баррасӣ мешаванд. «Ҳанӯз маълум нест, ки парвозҳои мунтазам кай барқарор мешаванд ва санаи парвози хатсайрҳои  махсус низ номаълум аст. Мо ба хулосае омадем, ки ҳавопайморо интизор нашуда, тавассути нақлиёте, ки   яхдон дорад, марҳумро бифиристем. Айни ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон талош дорад, ки аз Қазоқистон ва  Ӯзбекистон барои убур намудани қаламрави онҳо иҷозат бигирад. Умедворем, ки имрӯз ё фардо ба мо иҷоза медиҳанд. Консули генералии Тоҷикистон дар Уфа бо ин кор машғул аст» , — изҳор намуд Имомуддин Сатторов.

Декани факултаи  механики Донишгоҳи Бошқирдистон  Илгам Масалимов гуфт ки «ҷавони шуҷоъ Ҳоҷимурод Қаландаров аз худ  якумрӣ хотирае нек боқӣ мондааст. Ӯ гуфт, ки дар факулта боз нӯҳ тоҷикписар таҳсил доранд . Ҳоҷимурод низ миёни онҳо буд , ӯ дар дарсҳо фаъол буда, имтиҳонҳои зимистонаро низ муваффақона супорид. Декани факулта мегӯяд, ки Ҳоҷимурод дар бахши гӯштингирии мураббии шоистаи (собиқ )Ҷумҳурии Шӯравии федеративии сотсиалистии Россия  В.А Пегов таҳсил намуда, иштирокчӣ ва ғолиби мусобиқахои донишгоҳӣ дар набарди «самбо» ва «дзюдо» низ будааст. »

«Барои ҳамаи мо аз даст додани Ҳоҷимурод талафоти бузург аст.Ӯ дар миёни донишҷӯён пешсафу муваффақ буд. Дарвоқеъ ин ҷавон шоистаи пайравӣ мебошад.Ӯ бе ҳеҷ дудилагӣ худро ба об партофта ду кӯдакро наҷот бахшид. Ин барои тамоми инсонҳо бояд намунаи ибрат бигардад. Мо саъй менамоем, ки дар сатҳи факулта ё донишгоҳ амале намуда,  хотираи неки ӯро пос дорем», -изҳор намуд ӯ.

Дар акс : Ҳоҷимурод Қаландаров. Акс аз саҳифаи ВАО-и Россия

Июнь 11, 2020 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд