ТОҶИКИСТОН – ЗИДДИ МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бахшида мешавад

Июнь 26, 2020 09:08

ДУШАНБЕ, 26. 06.2020 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ва  нашъамандӣ мебошад. 7 декабри соли 1987 Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи 42/112-ро қабул кард, ки дар он омадааст, ҳамасола 26 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба сифати нишони қавӣ будани тақвияти фаъолият ва ҳамкориҳо бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи эҷоди ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нашъамандӣ қабул карда шавад. Қатънома тадбирҳои минбаъдаро дар асоси Конференсияи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва тиҷорати ғайриқонунӣ пешниҳод мекунад.

Дар марҳилаи ҳозира дар заминаи пандемияи COVID-19 масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла робитаи он бо олами ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ каме дар таваққуф қарор гирифта бошад ҳам, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи муштаракро бар зидди он талаб мекунанд, зеро гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як мушкилоти мураккаб ва муҳимтарини байналмилалӣ мебошад. Хатари гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар қатори дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ба монанди фурӯши силоҳ, хариду фурӯши одамон, терроризм ва экстремизм ба субот, амният ва рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳо таҳдид мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои минтақа, Россия ва Аврупо дар сафи пеш қарор дорад. Ташвиши ҷомеаи ҷаҳонро аз афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва хатари он ба пояҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва саломатии инсон хуб медонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саривақт ва самаранок рафъ кардани ин зуҳуроти номатлуб тамоми чораҳои заруриро меандешад.

26 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд карданд: «Мусаллам аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ мебошад.

Ҳарчанд ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда солҳои охир қочоқи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ чораҷӯӣ намуда, корро ҷиҳати пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ боз ҳам тақвият бахшанд…»

Ин масъалаҳо ҳамеша дар маркази диққати Роҳбарияти олии мамлакат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қарор доранд. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин вабои аср борҳо дар тамоми сатҳҳо, аз ҷумла аз минбари олии  Созмони Милали Муттаҳид эълом шуда буданд.

Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтаем,  ки  дар роҳи қочоқи маводи нашъадори истеҳсоли Афғонистон садди боз ҳам устувор гузошта,  дар ин росто баҳри коҳиш додан ва умуман нест кардани воридоти маводи нашъадор ба ҳудуди Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо тадбирҳои воқеӣ андешем. Ҳамчунин ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо воридоти моддаҳои нави синтетикии психотропӣ тарзу усулҳои муосир, илмӣ ва техникии навро ҳарчӣ васеътар истифода намуда, воридшавӣ ба дохили ҷумҳурӣ ва паҳн гардидани он дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, роҳ надиҳем.

Агентии назорати маводи нашъаовар тамоми иқтидор ва воситаҳои худро дар роҳи иҷрои ин ва дигар вазифаҳои дар наздаш истода сафарбар менамояд. Татбиқи Стратегияҳои миллӣ ва Барномаҳои давлатӣ боиси он гардидаанд, ки солҳои охир Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъаовар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Аз ҷумла, интиқоли 10 фоиз (ё аз рӯи маълумоти СММ 20 фоиз) маводи мухаддири истеҳсоли  Афғонистон тавассути «Масири Шимол» ва боқимонда 90 (80) фоиз аз дигар масирҳо, мусодираи аксарияти маводи мухаддир дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ошкор нагардидани ҳолати қочоқи маводи мухаддир тавассути нақлиётҳои автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон дар дигар давлатҳо, 2,5 баробар коҳиш  ёфтани дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷа ва 8 маротиба кам гардидани ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз онҳо, 2,2 маротиба коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ, коҳишёбии сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти 32 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ дар давоми солҳои 2017-2019, дар Тоҷикистон мусодира гардидани 10-15 ҳазор ҳаббҳои моддаҳои нави синтетикии психотропии нашъадор шаҳодати пурзӯр будани назорат дар Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалӣ аз ҷониби Агентӣ бо ВКД Федератсияи Россия, ҳамчунин бо Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон созишномаҳои ҳамкорӣ баста шуд. Айни замон лоиҳаҳои Созишномаҳо бо ҳукуматҳо ва мақомоти дахлдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳуриҳои Исломии Покистон, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Италия бо Тоҷикистон таҳия гардида, дар арафаи баимзорасонӣ қарор доранд.

Ин дастовардҳо шаҳодати возеҳи нишондоди бобарор ва самаранок татбиқ намудани сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли 2019 дар самти назорати маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ чунин тамоюлҳо ва равандҳо ба мушоҳида расиданд:

— коҳиш ёфтани бақайдгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар;

—  коҳиши мусодираи маводи нашъаовар;

— афзоиши муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нави психотропӣ ва синтетикии нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, роҳ ёфтани паҳнкунии он тавассути Интернет;

-коҳиш ёфтани дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ;

— коҳиши шумораи нашъамандон, шахсони дар қайди диспансерии хадамоти наркологӣ қарордошта;

— ҷой надоштани ҳолати парвариш ва истеҳсоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар Тоҷикистон, ба истиснои баъзе ҳолатҳои кишти бангдона ба миқдори ниҳоят кам, барои истеъмол ва дилхушии шахсӣ.

Тоҷикистон ба масъалаи ошкору қатъ гардонидани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ диққати махсус дода, дар ин самт корҳои муайяне анҷом дода шудааст.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдори кишвар, ташкили муборизаи саривақтии дастаҷамъона ва татбиқи чораҳои дахлдор фаъолияти самараноки онҳо Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, амал менамояд. Ҳамасола масоил ба мушкилоти ҷойдошта дар ҷаласаҳои Шӯрои мазкур мавриди муҳокима ва чораандешӣ қарор дода мешавад.

Муваффақиятҳои мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар самти таъмини амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон дар мубориза бо ҷинояткорӣ аз робитаҳои байниҳамии онҳо маншаъ мегирад.

Яке аз заминаҳо барои ҳамкориҳои муштарак дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ин ҳамасола ташкил ва баргузор гардидани амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор» ба шумор меравад.

Ҳамасола мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро баҳри мусодираи маводи нашъаовари ба ҳудуди ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ воридгардида ташкил ва роҳандозӣ менамоянд. Бо назардошти дар сафи пеши мубориза бо қоҷоқи маводи нашъаовари афғонӣ қарор доштани Тоҷикистон ва гузоштани садди устувор тамоюли коҳиш ёфтани он дар дигар кишварҳои дар Масири Шимол қарордошта аз вазъи мухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд. Тайи чанд сол мусодираи маводи нашъаовари истеҳсоли афғонӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба мусодираи маводи нашъаовари афғонӣ дар тамоми кишварҳои Маси- ри Шимол, зиёд ба назар мерасад.

Соли 2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тонна 637 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки дар қиёс ба соли 2018 — 2,2 маротиба камтар буда, аз ҳама пастарин нишондод дар 20 соли охир ба ҳисоб меравад. Аз ҳаҷми умумии воситаҳои нашъадори дар соли 2019 мусодирагардида 171 кг героин, 788 кг афюн ва 668 кг маводи нашъадори гурӯҳи бангдона мебошанд.

Тоҷикистон ба масъалаи қочоқу воридшавии прекурсорҳо ва минбаъд интиқол ёфтани он ба Афғонистон диққати махсус дода, тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Тибқи маълумотҳои расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон то ҳол ягон ҳолати воридшавии прекурсорҳо ба ин кишвар тавассути Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Ин яке аз дастовардҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати прекурсорҳо ба ҳисоб меравад. Омили мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон дар истеҳсоли героини афғонӣ ягон саҳм надорад.

Муомилоти ғайриқонунии маводҳои нави синтетикии нашъаовар яке аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ҷараёни он босуръат густариш ёфта истодааст. Ин падидаи номатлуб тӯли чанд сол аст, ки аксар кишварҳои сайёраро, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст.

Бори аввал дар Тоҷикистон моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор соли 2006 дар намуди 1 адад ҳаб мусодира шуда буд. Баъдан низ чунин ҳаббҳо мусодира мешуданд, вале онҳо характери якдафъаинаро доштанд. Дар чор соли охир бошад, ошкор ва мусодираи ин маводҳо характери системавӣ ва доимӣ пайдо намуданд.

Муссалам аст, ки истеҳсоли маводҳои синтетикии нашъадор дар Тоҷикистон ҷой надоранд. Онҳо аз дигар кишварҳо бо роҳи қочоқ ворид мешаванд.

Таҳлил ва ҳолатҳои ошкоргардида нишон медиҳанд, ки бо тақвият додани мубориза бо қочоқи маводҳои нашъаовари истеҳсоли Афғонистон, воридшавии онҳо кам гардида, ҷойи ин маводҳоро дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа маводҳои нави синтетикӣ ишғол намуда истодаанд. Бо назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва ошкори қочоқи маводҳои нави синтетикӣ тамоми тадбирҳои саривақтиро андешида ва амалӣ намуда истодааст.

Соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 7555 дона ҳабҳои психотропии синтетикӣ мусодира шуданд, ки ин нисбат ба соли 2018 — 2,1 мароти- ба ё 8325 дона ҳабҳо камтар мебошад.

Бо вуҷуди талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистон, соли 2019 низ кишт ва истеҳсоли маводи мухаддир дар ин кишвар чун солҳои қаблӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Мувофиқи маълумоти мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соли 2019 майдони умумии кишти кӯкнор дар Афғонистон 262 ҳазору 588 гектар арзёбӣ гардид, ки ин нисбат ба соли 2018 — 412 гектар камтар мебошад.

Тақсимоти минтақавии кишти кӯкнор дар Афғонистон нишон медиҳад, ки бештари майдонҳои кишт (72,5 фоиз) чун солҳои қаблӣ дар минтақаҳои ҷанубии кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ба минтақаҳои ғарбӣ 8,4 фоиз, ба минтақаҳои шарқӣ ва шимолӣ мутаносибан 8,2 ва 10,2 фоиз аз миқдори умумии майдони кишт рост меоянд. Кишти кӯкнор дар минтақаҳои марказӣ бошад, ҳамагӣ 0,7 фоизро ташкил медиҳад. Шурӯъ аз соли 2010 то 2017 шумораи вилоятҳое, ки дар онҳо кишти кӯкнор ба қайд гирифта мешуд, рӯ ба афзоиш доштанд.Аз соли 2017 то соли 2019 бошад, бақайдгирии майдони кишти кӯкнор дар 24 вилояти Афғонистон идома ёфт.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ, ки асосан дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсол мегардад, бо масирҳои зерин ба дигар давлатҳои ҷаҳон интиқол дода мешаванд:

  • Масири Балкан (Афғонистон — Эрон — Тур-кия -Аврупо);
  • Масири Шимол (Афғонистон- Осиёи Миёна -Россия — Аврупо);
  • Масири Шимолу-Баҳри Сиёҳ (Афғонистон

— Эрон- Қавқоз — Аврупо);

  • Масири Ҷануб (Афғонистон — Покистон — Осиёи ҷанубӣ ва шарқӣ).

Мувофиқи маълумотҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ қисми зиёди маводҳои нашъадори гурӯҳи афюнии дар Афғонистон истеҳсолшуда, тариқи ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дигар давлатҳо интиқол меёбанд.

Ҳамасола миқдори зиёди маводи нашъадори навъи афюн ва героин дар ин кишвар мусодира карда мешавад. Аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ду масир мавод интиқол мегардад «Балкан» ва «Шимолу-Баҳри Сиёҳ» мебошанд. Интиқоли маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ тариқи ҳудуди Покистон, ки дар «Масири Ҷануб» воқеъ аст нисбат ба Эрон камтар амалӣ мегардад.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ тариқи масири Шимол 20 фоизи маводи дар ҶИА истеҳсолшуда интиқол дода мешавад. Дар баъзе аз таҳлилҳои коршиносон ин нишондод 43 фоизро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки ҳангоми таҳлил коршиносон танҳо омили нашъамандони дар Россия бударо, яъне танҳо бозори талаботро ба ҳисоб гирифтаанд. Коршиносон ҳангоми таҳлил ҳолати интиқоли маводи нашъадори гурӯҳи афюнӣ ба Россия ва Аврупоро тариқи масири Балкан ва Шимолу Баҳри Сиёҳ ба назар нагирифтаанд, ки ин аҳамияти бештар дорад. Тасдиқи ин гуфтаҳо, мувофиқи маълумотҳои аз Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ пешниҳодгардида, ҳолатҳои мусодираи маводи нашъаовари героин дар нимсолаи якуми соли 2019 дар кишварҳои Ҷанубу Ғарбии Аврупо (Булғория, Руминия ва Туркия) ба 1 тоннаю 607 кг ё 46,7 фоиз афзоиш ёфтааст, ки ин кишварҳо дар масири Балкан ҷойгир мебошанд.

Инчунин афзоиш ёфтани мусодираи героин дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нимсолаи якуми соли 2019 ба 445 кг ё 3 маротиба зиёд, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.

Мувофиқи маълумотҳои расмии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ қисми асосии кишти кӯкнор ҳамасола дар ҷануби Афғонистон бинобар афзалият доштани қувваҳои зиддиҳукуматӣ дар ин минтақа ба назар мерасад, ки он ҳамасола то 90-95 фоизро ташкил медиҳад. Масоҳати кишти кӯкнор дар шимоли Афғонистон дар солҳои 2016-2019 ба ҳисоби миё-на 7 фоизро аз масоҳати кишти умумӣ дар Афғонистонро ташкил медиҳад.

Дар шимоли Афғонистон танҳо дар ҳудуди вилояти Бадахшон фаъолияти лабораторияҳои истеҳсоли маводи нашъадори героин ба қайд гирифта шудаанд. Ҳиссаи истеҳсоли афюн дар шимоли Афғонистон аз ҳиссаи умумӣ тахминан 5-8 фоизро ташкил медихад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самти интиқоли воситаи нашъадор тариқи масири Шимол низ тағйир ёфтааст, зеро дар натиҷаи мустаҳкам намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаи қочоқбар имконияти бемамоният убур намудани марзи Тоҷикистонро аз даст додаанд. Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, ки дар масири Шимол қарор доранд, коҳиши назарраси ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар муқоиса бо солҳои пешин ба мушоҳида мерасад. Ин ҳолатҳо шаҳодати онанд, ки назорат дар кишварҳои масири Шимол пурзӯр мебошад ва қочоқи маводи мухаддир ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қатъият ва устуворона амнияти миллии худро таъмин менамояд. Бо истифода аз қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш ба харҷ медиҳанд, ки бар зидди қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон анҷом диҳанд. Бо назардошти гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои анҷом додани тадқиқот ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми воқеии қочоқи маводи мухаддир тавассути кишварҳои масири Шимол гурӯҳи кории байналмилалии махсус таъсис дода шавад.

Ба гурӯҳи кории байналмилалии махсус дар баробари мутахассисони Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ҳамчунин коршиносони соҳаи мубориза бар зидди қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳое, ки дар самти масири Шимол қарор доранд, инчунин коршиносони ММИҲОМ барои пешбурди тадқиқот ҷалб карда шаванд.

Аз рӯи таҳлилҳо айни замон тағйирёбии масирҳои қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба хориҷа ба мушоҳида мерасад. Оиди пурра муайян намудани масъалаи мазкур мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои масири Шимол тадбирҳои заруриро андешида истодаанд.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ,  Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ, умуман чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар дар мубориза бо маводи нашъаовар мусоидат намуд, ки: — аз тариқи масири Шимол, ки Тоҷикистон бо он дохил мешаванд, 10 фоизи маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон ба хориҷа интиқол меёбад, боқӣ 90 фоиз аз тариқи дигар масирҳо интиқол мешавад;- аксар маводи мухаддири ба Тоҷикистон қочоқшаванда дар хатти сарҳад ва ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира мешаванд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон онро воридшавӣ ба дохили ҷумҳурӣ ва минбаъд бо роҳи қочоқ рафтан ба дигар давлатҳо намегузорад; коҳиши шумораи нашъамандон-шахсони дар қайди диспансерии хадамоти наркологӣ қарордошта. Сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ назар ба 10 сол пеш 36 фоиз коҳиш ёфт.

Солҳои 2017 ва 2018 дар давлатҳои хориҷа ягон ҳодисаи қочоқи маводи нашъадор тавассути нақлиёти ҳавоӣ (самолёт) ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нашудааст. Тахмин 5-6 сол пеш ҳар сол 10-15 чунин ҳолатҳо дар Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо ош-кор мешуд; Дар 2 соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 23 гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трасмиллиро ошкор ва фаъолияти онҳоро қатъ гардонидаанд, 63 нафар роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ин гурӯҳҳо дастгир ва ҳабс карда шудаанд; Ҳолати истеҳсоли маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Муборизаи муассир бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир саъю кӯшишҳои дастаҷамъонаи ҳама давлатҳоро   тақозо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон  дараҷаи масъулияти онро дар ошкор ва рафъи далелҳои қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хуб дарк мекунад ва аз ин рӯ, албатта, потенсиали худро дар мубориза бо ин таҳдид афзоиш хоҳад дод.

 

София ШОИК
АМИТ «Ховар»

 

Дар мақола  маълумотҳо аз «Тадқиқоти Вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» истифода шудааст.

Июнь 26, 2020 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст