ҶАҲОНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 1,5 ҳазор тонна картошка ва 10,6 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ намуданд

Июль 15, 2020 08:45

ДУШАНБЕ, 15.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти дохилии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 104,8 фоиз афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 106,3 фоиз, кишоварзӣ 101,5 фоиз, сармоягузорӣ 147,9 фоиз,  гардиши савдои чакана 104,2 фоиз  ва хизматрасонии пулакӣ 104,8 фоиз таъмин гаштааст, гуфт муовини раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар шаш моҳаи якуми соли 2020.

Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти кишоварзии шаҳр ба 243 миллиону 634 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, 101,5 фоизро ташкил менамояд.

Таносуби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар бахши аҳолӣ андозаи 1,2 фоиз коҳиш ёфта, дар бахши ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 5,2 фоиз зиёд гаштааст, ки сабаби асосии зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулот дар бахши ҷамъиятию деҳқонӣ ин рушди соҳаи паррандапарварӣ ва зиёд гаштани истеҳсоли сабзавот ва ғалладонагиҳо ба шумор меравад.

Кишоварзони шаҳри Ҳисор то ин давра аз майдони 5 ҳазору 166 гектар кишти ғалла, 4 ҳазору 659 гектарашро ҷамъоварӣ намуданд, ки  аз он ба миқдори 9 ҳазору 155 тонна ҳосил ба даст оварданд. Инчунин  ҷамъоварии картошка ва пиёз дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз 84 гектар картошка ва 281 гектар пиёз ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ин майдонҳо ба миқдори 1 ҳазору 589 тонна картошка ва 10 ҳазору 655 тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 944 тонна пиёз зиёд гардида,  истеҳсоли картошка 4 ҳазору 452 тонна кам шудааст. Ҳосилнокӣ низ аз ҳар як гектар 188 сентнерӣ картошка ва 380 сентнерӣ пиёз ба даст оварда шуда, нисбат ба соли гузашта ҳосилнокии картошка 17 сентнер кам гардида ҳосилнокии пиёз 21 сентнер зиёд мебошад.

Тибқи иттилои масъулини соҳа, дар ҳамаи  шаклҳои хоҷагидорӣ вобаста ба рушди соҳаи растанипарварӣ ба миқдори 13 ҳазору 193 тонна ғалладона, 250 тонна зағер, 6 ҳазору 614 тонна картошка, 18 ҳазору 712 тонна сабзавот,  3 ҳазору 591 тонна мева ва 30 тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 520 тонна ғалладона, 250 тонна зироатҳои равғандеҳ, 773 тонна сабзавот ва 30 тонна ангур зиёд истеҳсол гардидааст.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар баробари таъминоти бозори истеъмолии шаҳр бо маҳсулотҳои истеҳсоли худӣ тибқи маълумоти Маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳри Ҳисор ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат 4 ҳазору 269 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки аз ин шумора  3 ҳазору 818 тонна ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.

Июль 15, 2020 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид