ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Рӯзҳои наздик дар ноҳияи Ҷайҳун корхонаи мевахӯшкунӣ ва консерваи меваю сабзавот кушода мешавад
ДУШАНБЕ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон беш аз 200 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин рӯзҳои наздик баҳри коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳия корхонаи мевахӯшкунӣ ва консерваи меваю сабзавот ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ноҳия Ҷайҳуни вилояти Хатлон аз ҷиҳати кишту кор дар ҷумҳурӣ нақши намоён дорад. Зеро кишоварзони он дар як сол аз замин то се ҳосил ба даст меоранд.
Имсол дар ноҳия ҳосили полезӣ фаровон буда, кишоварзон нақша доранд, ки харбузаҳои истеҳсолнамудаи худро хушк намуда, ба хориҷи мамлакат содирот намоянд. Деҳқонон аз 1 тонна полезӣ 270 ҳазор киллограм қандаки харбуза истеҳсол менамоянд.
Мояи ифтихор аст, ки дар корҳои созандагию ободонии ноҳияи мазкур рӯз то рӯз саҳми нафарони саховатпеша меафзояд. Аз ҷумла, бо саҳмгузории соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 таъмиру аз навсозӣ гардид.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Давлат Сомонзода зикр намуд, ин муассисаи таълимӣ аз 10 синфхона иборат буда, барои 240 нафар хонанда ва 16 омӯзгор пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои мактаб бо ашёҳои таълимӣ таъмин гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки бинои иловагии шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи №3-и ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Иншооти мазур бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Ташкилоти ҷамъияти «Тоҷикистон» сохта ба истифода дода шуд. Тавалудхонаи мазкур аз даҳ кати хоб иборат буда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин мебошад.
Инчунин дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ иншооти варзишӣ, таъмини хати оби нӯшоки ва таъмини роҳҳо анҷом дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ 28 майи соли равон ба ноҳияи Ҷайҳун таъкид намуданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 – 2020» амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи он татбиқи 194 лоиҳа ба маблағи 164 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. То имрӯз ҳамагӣ 57 лоиҳа ба маблағи 83 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки 51 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
ДАР АКСИ БОЛО: ҶДММ «Сирдарё» дар шаҳри Хуҷанд. АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






