АГАР ҶОМЕА СОЛИМ БОШАД, ИҚТИСОДИЁТ РУШД МЕЁБАД. Мулоҳизаҳои директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2020 08:32

ДУШАНБЕ, 05.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Саломатии аҳолӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Ин аз ҷониби олимону коршиносон  илман асоснок карда шудааст.

Директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ ХОЛИҚЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» дар ин бора мисолҳои мушаххас овард. 

Мулоҳизаҳои ӯ дар зер пешниҳоди хонандагон гардонида мешаванд.

Дар ҳама соҳаҳо муваффақият ба сифати корҳо бастагӣ дорад. Барои мисол, агар сифати доруворӣ хуб бошад, табибон низ дар самти табобати беморон ба муваффақият ноил мешаванд.

Имрӯз беш аз 90 фоизи доруворӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд. Мутаассифона, солҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи дорувориҳои қалбакӣ ва пастсифат ба ташвиш овардааст. Аз чунин амали номатлуб кормандони соҳаи тандурустии кишварҳои пешрафта низ шикоят доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз  соли 2016 ба Вазорати тандурустии мамлакат супориш дода буданд, ки  ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳои ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чораҷӯӣ карда, якҷо бо Вазорати саноат ва технологияи нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намоянд.

Пешвои миллат  бо ин иқдом имкон фароҳам оварданд, ки пеши роҳи муомилоти дорувориҳои қалбакӣ ва пастсифат дар кишвар гирифта шавад. Бо супориши Пешвои миллат муассисаҳои истеҳсолкунандаи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз ва арзиши иловашуда озод карда шуданд, ки ин раванд ба беҳшавии дастрасӣ ва паст шудани нархи маҳсулоти табобатӣ замина гузошт.

Зимнан бояд гуфт, ки дар даҳсолаи охир яке аз ҷузъиёти таркибии ташаккулдиҳандаи иқтисодиёти устувори сатҳи ҷаҳонӣ таҳкими неруи фардӣ тавассути афзалият додан ба фароҳамсозии шароит барои рушди сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Дар навбати худ ба даст овардани чунин неруву иқтидор дар аксар маврид аз солимии аҳолӣ ва наслҳои оянда бастагӣ дорад. Беваҷҳ Сарвари давлат “саломатии аҳолии мамлакат – боигарии асосии давлат” нагуфтаанд.  Маҳз саломатии миллат, ки асоси ақли солим мебошад, калид ва гарави ташаккул ва рушди иқтисодиёт аст. Зеро иқтисодиёти ҷаҳон дар марҳилаи татбиқи чорумин таҳавуллоти саноатикунонӣ қарор дошта, таҷҳизоти анъанавиро технологияи муосири рақамӣ, ки истеҳоли он аз ҳисоби зеҳну фаҳмиш, неруву иқтидори фикронии фардӣ таъмин карда мешавад, вобастагӣ дорад.

Дар омади гап, ин  масъала дар ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи масири рушди ояндаи кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  пурра инъикос ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин ҳуҷҷати стратегӣ дар марҳилаи гузариш ба иқтисодиёти идустриаливу инноватсионӣ қарор дорад, ки ин раванд бо дарназардошти минбаъд рушд ёфтани иқтисодиёт доираи уҳдадориҳоиҳои иҷтимоии давлатро фаррох менамояд. Дар ин робита, тибқи сенарияи гузариш ба иқтисодиёти болозикр, хароҷоти буҷет дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 10 фоизи ММД-ро ташкил хоҳад дод. Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки байни хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ва саломатии миллат робитаи мустақим вуҷуд дошта, аз ҳаҷми ин хароҷот заминаи беҳтаршавии нишондиҳандаҳои солимӣ ташаккул меёбад.

Дар кишвар маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст ва танҳо дар соли 2019 дар мамлакат зиёда аз 150 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Мувофиқи нуктаҳои дар Паёми соли 2020 ироадоштаи Пешвои миллат дар 7 соли охир буҷети соҳаи тандурустӣ аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки ин дар қиёс ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахши хусусӣ фаъол шуд. Дар марказҳои аксар шаҳру навоҳии кишвар беморхонаву ташхисгоҳҳои хусусӣ ба фаъолият пардохтанд. Ин раванд барои тақвияти рушди соҳаи тиб заминаи устувор гузошт. Инчунин, ҳазорҳо ҷойи кори нав барои мутахассисон пайдо шуданд.  Яъне Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои амалӣ гардидани чораву тадбирҳое, ки ба нафъи сокинони кишвар мебошанд, имкониятҳои созгорро фароҳам меорад. Ҳамасола барои беҳбудии вазъи зиндагии мардум дар кишвари мо садҳо лоиҳа дар соҳаҳои гуногун пешниҳод ва амалӣ карда  мешаванд.

Дар даҳсолаи охир ислоҳоти шарикии давлат ва бахши хусусӣ гузаронида шуда, имрӯз давлат метавонад бо боварӣ уҳдадориҳои иҷтимоии худро оид ба рушди инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ ба намояндагони бахши хусусӣ вогузор намояд. Айни замон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат Муассиаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳо аз ҳисоби маблағҳои бахши хусусӣ 5 лоиҳаи иҷтимоиро ба маблағи зиёда аз 280 миллион сомонӣ мавриди татбиқ қарор додааст. Аз ҷумла, бо назардошти пешгирӣ ва табобати гирифторони гепатитҳои вирусӣ моҳи августи соли 2017 «Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» дар заминаи Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, таъсис дода шуд.

Мушоҳида мегардад, ки бо пайдоиш ва шуруъи бемории сироятии СOVID – 19 дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бинобар таъсироти манфии он ба коҳишёбии маҳсулнокии фаъолият дар натиҷаи беморшавӣ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнашуда дар корхонаҳои саноатӣ, маҷмуан паст гардидани даромаднокӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар паёмади муваққатан ва ё пурра аз даст додани фаъолнокии корӣ оварда расонид. Тибқи илми иқтисодӣ ин ҳолатҳо ҳамчун талафоти ғайримустақими иқтисодӣ тафсир мегарданд. Дар ин раванд нишондиҳандаҳои иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ низ таназзулпазир гардиданд ва он мувофиқи ҳисоботи коршиносон ба камшавии ҳаҷми сармоягузорӣ ба андозаи 30-40 фоиз дар миқёси ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Чунин танззулпазирӣ аз он асос мегирад, ки беш аз 90 фоизи талафоти маҷмӯии иқтисодиётро маҳз талафоти ғайримустақими иқтисодӣ ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти дастрасгардида, ҳолати кунунӣ дар кишварҳои олам омили сустшавӣ ва боздории рушди иқтисодӣ мегардад ва вазъияти бавуҷудомада то андозае ба ноустуворгардии робитаҳои иқтисодиву сармоягузории байни кишварҳо асос гардида, ҷиҳати пешбурди фаъолият дар соҳаҳои болозикр монеа эҷод намуда истодааст.

Ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон айни замон таназзули иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020, пӯшидани сарҳадҳо, сустшавии иқтисодиёти Россия ва Чин ба сифати шарикони асосӣ, кам шудани содироти молҳои ватанӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои хориҷӣ ва даромади хонаводаҳо, бефаъолӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сайёҳӣ, кам гардидани савдо ва сайёҳон таъсиргузор хоҳанд буд.

Ин барои бозбинии пешгӯиҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон барои солҳои ҷорӣ ва минбаъда аз ҳисоби паҳншавии сироят асос шуда, тасҳеҳи ҳаҷми ММД бо дарназардошти камшавӣ ба андозаи муайяни банди фоизӣ ба миён омад, ки ин раванд аз ҷониби вазорату идораҳо танзим ёфта истодааст.

Дар Тоҷикистон, ки эпидемияи COVID-19 таҳти назорати давлат қарор дорад, ягон чораҳои карантинӣ ё худбоварии ҳатмӣ ҷорӣ карда нашудааст. Корхонаҳои саноатӣ, бисёр субъектҳои хизматрасонӣ ва савдо фаъолияти худро идома медиҳанд.

Новобаста аз чунин вазъият, тавре дар боло  зикр гардид, таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар саросари кишвар    тадбирҳои  солимгардонии мақсаднок барои  пешгирӣ, пасткунии сатҳи сироятёбӣ ва роҳандозии назорати доимӣ вусъат ёфтанд.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  18-уми марти соли 2020, таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Назоратро аз рӯи фаъолиятм ин  ситод Пешвои миллат ба зиммаи худ гирифтанд.

Тавре медонем, аз моҳи апрел сироятёбии сокинон ба бемории коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ   1-уми майи соли 2020 бо супориши Пешвои миллат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ба музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар ҷараёни ташхис ва табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус-COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, дар ҳаҷми 12,4 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Инчунин, Пешвои миллат ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 кушода шудааст, маоши вазифавии якмоҳаи худро гузарониданд.

Аз ин иқдоми навбатӣ соҳибкорони ватанӣ, шахсони ватандӯст, кормандони сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва роҳбарони ширкату корхонаҳои хусусӣ илҳом гирифта, ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва гирифторони бемории нави коронавирус-COVID-19 ёрии моддӣ расонида истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки солҳои охир хизматрасониҳои тиббӣ дар пойтахти кишвар куллан тағйир ёфта, бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳр аз таъмир бароварда шуданд.

Дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои муаззами миллат ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19, инчунин аз лиҳози моддӣ ёрӣ расонидан ба табибон ва беморон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе низ тадбирҳои ватандӯстона роҳандозӣ шуданд ва Муроҷиатномаи саривақтӣ ба сокинони пойтахт расонида шуд.

Бо иқдоми Раиси шаҳри Душанбе ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба пойтахти кишвар даъват шудани табибони соҳибтахассус аз кишварҳои ба мо дӯст, ки таҷрибаи мубориза бо бемории коронавирусро доранд, барои рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъият мусоидат намуд. Ҳоло дар саросари мамлакат барои муҳайё намудани ҷойҳои иловагии хоби беморон чандин беморхонаҳои муваққатӣ кушода шуданд, ки ҳамаи онҳо бо технологияи лозимаи табобатӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Дар ин беморхонаҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ба беморон ёрӣ мерасонанд.

20-уми майи соли равон бо иштироки роҳбарияти олии кишвар дар ҳудуди шаҳри Душанбе 4 беморхонаи муваққатӣ барои қабули беморони мубталои коронавирус ба истифода дода шуд. Дар ин беморхонаҳои муваққатӣ зиёда аз 3200 ҷойҳои эҳтиётӣ мавҷуданд.

Аз лаҳзае, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, рафти чорабиниҳои пешгирии паҳншавии беморӣ ва табобати аҳолӣ таҳти назорати шахсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки натиҷаи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ мусбӣ мебошанд, аз ҷумла, гузарондани корҳои васеи фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо имкон дод, ки робита байни одамон коҳиш дода шуда, паҳншавии вирус ва гузариши он ба пандемия дар кишвар пешгирӣ карда шавад. Ҳамин тариқ, аҳолии кишвар бо мақсади дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳифзи саломатӣ аз ташриф ба ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, сартарошҳо, фитнес клубҳо ва ғайраҳо худдорӣ намуд.

Мувофиқи иттилои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар рӯзҳои охир хурӯҷи бемории сироятии COVID-19 коҳиш ёфта, шумораи шахсони табобатёфта меафзояд.

Бояд  зикр  намуд, дар давраи инзивоӣ як қисми аҳолии фаъол шаклҳои нави тиҷоратро, аз ҷумла шаклҳои нави хизматрасонӣ тавассути хизматрасонии фосилавӣ, рушди самтҳои нави тиҷорати ватанӣ ва масирҳои таҳвилу дастраскунии маҳсулоти истеҳсолшударо ривоҷ бахшиданд, ки дар чунин ҳолат самаранок арзёбӣ мегарданд.

Хусусан, хизматрасониҳои бидуни робита тадриҷан рӯ ба рушд гузошта, истифодаи кортҳои пластикӣ ва ҳамёнҳои электронӣ васеъ гардид. Имкониятҳои технологияҳои муосири рақамӣ барои гирифтани таълимот дар реҷаи мустақим (онлайн), таҳсили фосилавӣ, курсҳо ва тренингҳо, ки баробар ба таълимгирии муқаррарӣ мебошад, тавсеа ёфта, шумораи машваратҳои тариқи реҷаи мустақим, фурӯши либос, маҳсулот ва дигар молҳо афзоиш ёфт.

Дар чунин ҳолат, ба доираи бахши хусусӣ тавассути татбиқи маҷмӯи тадбирҳо оид ба кам кардани хароҷоти ҷории онҳо бо роҳи соддагардонии расмиёти тиҷорат, ки барои содироти молҳои ватанӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои имтиёзнок ва тавассути долонҳои сабз шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳазамон, ташкили ҷойҳои кории мавсимӣ дар соҳаи кишоварзӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки имкони ба кори мавсимӣ дар Россия рафтанро надоранд, ҳамчун чораҳои афзалиятнок баррасӣ гардида, тибқи нақшаи пешбинишуда майдони кишт зиёд карда мешавад, ки ин барои то се ва чор маротиба гирифтани ҳосил мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ, маблағҳои аз ҳисоби кам намудани хароҷоти дуюмдараҷаи сатҳи ҷумҳуриявӣ сарфашуда барои кумаки иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ равона гардида, низоми хизматрасонии тиббӣ устувор карда шуда истодааст.

Аксарияти бонкҳо аллакай нияти пешниҳоди ҳавасмандгардонии муштариёнро тавассути роҳандозӣ кардани барномаҳои дастгирӣ, аз ҷумла батаъхиргузории пардохти қарзҳои ҷорӣ, додани қарзҳои нави бе фоиз барои се моҳи аввал ва иваз намудани сохтори баргардонидани қарзи мизоҷони алоҳидаро дошта, ин раванд роҳандозӣ карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон таҷрибаи таҳияи нақшаи зиддибӯҳрониро барои солҳои 2015-2016 дорад, ки рафъи таҳдидҳои иқтисодӣ, пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ ва фискалӣ ва коҳиш додани хароҷоти дуюмдараҷаро дорост.

Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2019 тасдиқ шудааст, татбиқ намуда истодааст.

Ин ҳуҷҷат аз 24 банд иборат аст, ки ба пешгирии таъсири хатарҳо ва хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ тавассути роҳандозии чораҳои ҷавобӣ, аз ҷумла пешгирии болоравии нархҳои молҳо ва маҳсулоти иҷтимоӣ, татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ, таҳкими назорат ва танзими фаъолияти бонкҳо, такмил додани инфрасохтори низоми пардохт, тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷорӣ намудани гуногуншаклии иқтисодӣ равона гардидааст. Татбиқи нақшаи мазкур дар ҳолати паҳншавии бемории COVID-19 ва таъсири он ба иқтисодиёт аз манфиат холӣ нест.

Аз ҳама муҳим, иқдомҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳанд, ки захираҳои иловагии молиявии беруна ҷалб карда шуда, ва беруншавии маблағҳои қаблан ҷалбшуда пешгирӣ карда шаванд. Таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат зимни конфронси видеоии «Маблағгузорӣ барои рушд дар давраи COVID-19 ва пас аз он», ки 28 майи соли 2020 баргузор гардид, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои пешрафта даъват карда шуд, ки сохтори қарзи берунии кишварҳои рӯ ба инкишофро вобаста ба вазъи иқтисодӣ дар давраи пандемия аз коронавирус бозбинӣ намоянд. Ин имконият медиҳад, ки хизматрасонии қарзи беруна барои буҷети давлатӣ коҳиш меёбад, дар ҳоле, ки дар соли 2020 барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон 200 миллион доллар лозим аст.

Зимни ин видеоконфронс зикр карда шуд, ки камшавии ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, фишор ба асъори миллӣ ва кам шудани захираҳо мебошанд. Новобаста аз ин, дар доираи ҳамкориҳо аз шарикони рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод маблағҳои бебозгашт ва қарзҳои имтиёзноки бефоиз дода шуд. Бо дарназардошти вазъи кунунии иқтисодӣ ва эҳтимолияти кам шудани даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020, маблағҳои аз ҳисоби шарикони рушд ҷалбгардида пеш аз ҳама барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд кардани маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ ва дасгирии суроғавии оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандон, инчунин маблағгузории бахшҳои дигари иқтисоди миллӣ истифода бурда мешаванд.

Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки оқибатҳои пандемия барои иқтисодиёти Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири манфии он, метавонанд натиҷаҳои мусбат низ диҳанд.

Ҳиссаи ҳангуфти маблағҳои берун аз бонкҳо яке аз захираҳои бузург барои афзоиши маблағгузории иқтисодиёти миллӣ аз захираҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки аҳолӣ дар ин раванд тавассути зиёд кардани амонатҳои бонкӣ ва сармоягузорӣ ба фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ва нав тавассути хариди саҳмияҳои онҳо фаъолона ширкат варзанд. Ин барои маблағгузории рушди иқтисодиёт ҳангоми кам кардани ҷараёни сармоягузории хориҷӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад ва то андозае барои дастгирӣ ва рушди иҷтимоӣ кишвар, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва дастгирии табибон мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти тадбирҳои роҳандозишуда Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул ва мавриди амал қарор гирифт.

Фармони мазкур дар баробари дигар тадбирҳо фарогири чораҳо оид ба пешбинӣ намудани таътили пардохтҳои андозӣ ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия ва манъ намудани ҳисобкунии фоизҳо барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо, озод кардан аз пардохти ҳаққи иҷораи моликияти давлатӣ барои субъектҳои соҳибкории хурду миёна мебошад.

Дар ин санади муҳими соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт инчунин масъалаҳои манъ намудани татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозӣ, аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намудани воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ, ҷудо намудани маблағҳои қарзии имтиёзнок аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ, додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, пешбинӣ шудааст.

Дар воқеъ, тадбирҳои тибқи Фармони мазкур пешбинишуда бори дигар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дастгириву мусоидат намудан ба бахши хусусӣ, ки пешбарандаи иқтисодиёт мебошад, далолат дода, инъикосгарӣ таҳкими мавқеи субъектҳои хоҷагидор дар устуворнамоии пояҳои иқтисодии кишвар мебошад.

Июль 5, 2020 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид