Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияташро дар шаш моҳи соли равон ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз таъсири пандемияи COVID-19 ва омилҳои беруна ба иқтисодиёт, Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 сиёсати пайгирона, мутавозуни пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, таъмини суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат равона намуд. Пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ тавассути фишангҳои муосир алҳол самараи хуб дода истодааст, ки нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ аз он шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 32,4 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 3,5 фоизро ташкил намуд. Ин матлаб аз ҷониби муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев зимни ҷаласаи васеи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкии мамлакат дар нимсолаи якуми соли 2020 баррасӣ шуд, баён гардид.
Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 30 июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 73 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла, 17 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 20 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 6 адад ташкилоти қарзии хурд ва 29 адад фонди қарзии хурд фаъолият доранд.
Тавре Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт, новобаста ба вазъи баамаломада, меъёри пардохтпазирии ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 65,18 фоиз баробар гардида, аз меъёри муқарраргардида 35,18 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра 22,5 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 фоиз афзудааст. Меъёри кифоятии сармоя ба охири моҳи июни соли 2020 аз ҳудуди муқарраршуда 7,7 банди фоизӣ зиёд иҷро гардида, 19,7 фоизро ташкил дод, ки он яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ дар низоми бонкӣ арзёбӣ мегардад.
«Ҳаҷми бақияи умумии сандуқи қарзӣ ба 9,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 9,5 фоиз ё 852 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 3 959,3 млн. сомониро ташкил додааст»,- афзуд номбурда.
Зикр гардид, ки тибқи дастуру тавсияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири бемории сироятии COVID-19, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳои пандемияи коронавирус (COVID-19) коҳиш додани хароҷотҳои иловагӣ, арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, муваққатан то 31 декабри соли 2020 бо пули миллӣ ба андозаи 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шуда, мувофиқан дар сатҳи 1 ва 5 банди фоизӣ қарор дода шуданд. Иқдоми мазкур имконият фароҳам овард, ки вазъи ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар гардида, маблағи 241,7 млн. сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.
Таъкид шуд, ки ҷиҳати дастгириии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии сиёсати пулию қарзӣ дар давраи пандемия аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар карда шуд.








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1180 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд






