Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ-Иттиҳоди Аврупо», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар форум ҳайатҳои баландпояи ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва институтҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин созмонҳои молиявии байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои коршиносон иштирок намуданд.
Масъалаҳои беҳтарсозии муҳити тиҷорат ва сармоягузорӣ, дастгирии ислоҳоти сохторӣ, пешбурди трансформатсияи «сабз» ва рақамӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ дар минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода иброз намуд, ки Тоҷикистон сатҳи ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ мекунад ва барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараке, ки ба манфиатҳои дарозмуддати рушди устувори мамлакат ва минтақа мувофиқанд, ҳавасманд мебошад.
Ҳамзамон аҳамияти тақвият бахшидани ҳамкории саноатӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии рақамӣ, муосиргардонии инфрасохтори энергетикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши тиҷорат ва сармоягузорӣ таъкид гардид.
Дар натиҷаи кори форум ҷонибҳо омодагии худро барои идома додани ҳамкории пайгирона, амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории муштарак ва пешбурди устувории иқтисодӣ дар минтақа тасдиқ карданд.
Дар чаҳорчӯби форум инчунин вохӯриҳои муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Йозеф Сикела ва ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Марек Мора баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Бонки сармоягузории Аврупо, аз ҷумла тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва энергетикӣ, инчунин дастгирии ташаббусҳо дар самти иқтисоди «сабз», нақлиёт ва рақамисозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон










САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






