Дар Кӯлоб 530 хоҷагӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд

Июль 21, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб 6 нуқтаи хатти оби ошомиданӣ барои 530 хоҷагӣ ва дар мавзеи Тутуи Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонии чоҳҳои амудӣ бо мақсади дар оянда таъмин намудани аҳолии маҳаллаю кӯчаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб бо оби нӯшиданӣ оғоз гардиданд. Дар ифтитоҳи сохтмон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва намояндагони шаҳру ноҳия иштирок намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тавре корманди Корхонаи обу ташноби шаҳри Кӯлоб Шариф Сайдалиев иброз дошт, дар ин мавзеъ 4 чоҳи амудӣ канда шуда, аҳолии маҳаллаҳои Ҷомӣ, Сино ва дигар маҳаллаҳои беоби шаҳри Кӯлоб ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард.

Инчунин барои аниқ намудани хатҳои обгузар дар чуқуриҳои аз 100 то 200 метр мутахассисони корхонаи «Геологияи тоҷик» ҷалб гардидаанд, то ба шаҳри Кӯлоб кашидани об аз ин мавзеъ осонтар гардад.

Бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи дуюми байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз он шаҳодат медиҳад, ки  масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсус ишғол мекунад. Ин ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об буда, собит менамояд, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол ва ҷонибдори сиёсати «дарҳои боз» ҳамеша ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, хусусан таъмини сайёра бо оби тозаи ошомиданӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд.

Июль 21, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд