Дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади марди ношинос пайдо гардид

Июль 20, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе аз пайдо намудани як ҷасади марди ношинос дар соҳили дарёи Душанбе хабар дод.

Тибқи иттилои раёсат, 17 июл, тахминан соати 14:00 намояндаи ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҷасаде дар соҳили дарёи Душанбе, шафати кӯчаи Қаҳҳоров намоён шудааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Душанбе соати 14:21 ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, соати 14:43 ҷасади шахсияташ номаълуми тахминан 40-45-соларо аз соҳили дарёи Душанбе бароварда, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Инчунин 17 июл Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ аз ғарқ шудани ду сокини ноҳияи Роштқалъа ба оби дарёи Шоҳдара хабар дод.

Ҷасади як нафари ғарқшуда, сокини 22-солаи деҳаи Парзудчӣ 800 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади дуюм идома дорад.

Ин ду тан аз беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд.

Июль 20, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад