Дар Тоҷикистон дар 6 моҳ 644 ҳолати нақзи қонунгузории ҷангал ва шикор ошкор шудааст

Июль 23, 2020 13:38

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «ХОВАР»/. Дар шаш моҳи соли равон 644 ҳолати нақзи муқаррароти қонунгузории мамлакат оид ба ҷангал ва шикор ошкор шудааст. Дар ин бора Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода ҳангоми нишасти матбуотӣ изҳор намуд.

Ба гуфтаи номбурда, аз теъдоди умумии қонуншиканиҳои ошкоршуда 164 ҳолат ба буридани ғайриқонунии дарахтҳо, 161 ҳолат- чаронидани ғайриқонунии ҳайвонот, 124 ҳолат-ҷамъоварии ғайриқонунии гиёҳҳои шифобахш ва 47 ҳолат ба шикори ғайриқонунӣ тааллуқ доранд.

«Нисбат ба тамоми ҳолатҳои ошкоршуда 363 санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 80,5 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст», — гуфт сардори Агентии хоҷагии ҷангал.

Тавре ки мавсуф  шарҳ дод, сарфи назар аз камии захираҳои ҷангали мамлакат табиати Тоҷикистон дорои навъҳои зиёд ва мухталифи растаниҳои ҷангалӣ мебошад.

«Хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи муҳим ва таркибии иқтидори захираҳои табиии мамлакат дар шароити тағйирёбии сатросарии иқлим, дар ҳалли мушкилоти вобаста ба пешгирии биёбоншавӣ ва ҳифзи гуногунии биологии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи хос дорад»,  — шарҳ дод ӯ.

Бояд зикр кард, ки масоҳати умумии заминҳои фонди давлатии ҷангали ҷумҳурӣ 1 миллиону 360 ҳазор га аст ва дар ихтиёри Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Масоҳати майдонҳои ҷангал бо назардошти мамнӯъгоҳҳо маҷмӯан 421,7 ҳазор гектар, яъне ҳамагӣ 3% масоҳати умумии мамлакатро ташкил медиҳад.

Июль 23, 2020 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад