Дастаҳои футболи наврасони Бохтар, Ҷайҳун ва Вахш ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

Июль 17, 2020 18:14

ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар дастаи наврасони синни то 15 — солаи ноҳияи Ёвон бо дастаи наврасони ноҳияи Ҷайҳун барои гирифтани роҳхат ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни ҳам рақобат намуданд, ки дар он дастаи  футболи наврасони Ҷайҳун бо ҳисоби 3:1 зафар ёфт. Дар ин бора корманди  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Ализода ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар  дод.

Тибқи иттилои  номбурда, барои роҳхат ба бозиҳои ҷумҳуриявӣ дар миёни дастаи наврасони то 17- солаи ноҳияи Ёвон бо дастаи ноҳияи Ҷайҳун рақобат намуданд.  Дар ин сабқати ҷолиб дастаи наврасони  ноҳияи Ҷайҳун бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, пас аз анҷоми марҳилаи минтақавии мусобиқаи мазкур дастаҳои наврасони то  15 -солаи шаҳри Бохтар, ноҳияи Ҷайҳун ва дастаҳои наврасони то 17-солаи ноҳияи Вахш, Ҷайҳун ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, ки дар лигаи «Пешсаф» иштирок мекунанд.

Июль 17, 2020 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд