Дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба Чемпионати Осиё-2020 омодагӣ мебинад
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19—солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии даста Мубин Эргашев омодагиро ба Чемпионати Осиё-2020 шурӯъ кард. Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар шаҳри Душанбе то 26 июли соли равон идома меёбад, 22 бозингар даъват карда шудааст. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи итиллои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки аз 14 то 31 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Малайзия (16 октябр), Яман (19 октябр) ва Қатар (22 октябр) рақобат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки чаҳор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон ба Ҷоми ҷаҳон-2021, ки соли оянда дар давлатӣ Индонезия доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров, Шаҳром Назаров («Хуҷанд»), Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов («Локомотив-Помир»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);
Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов («Истиқлол»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Муҳаммад Буризод, Умедҷон Холиқов («Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев («Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






