Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тибқи тартиби нав баргузор мегардад

Июль 23, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 июл даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ноҳияҳои мамлакат тибқи тартиби нав — бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бе ҷалби тамошобинон доир мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бинобар дар оғози моҳи май дар Тоҷикистон паҳн гардидани бемории COVID-19 ва зарурати андешидани тадбирҳо барои пешгирии ин беморӣ баргузории даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба таъхир гузошта шуда буд. Имрӯзҳо, ки вазъи санитарию эпидемиологии мамлакат ба эътидол омадааст, тартиби нави баргузории даври якуми озмун аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Тибқи тартиби нав даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 25 июл то 12 август, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 25 июл то 26 август, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 25 июл то 3 сентябр, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1 то 26 август ва дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе аз 18 то 24  август баргузор мегардад.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда мешавад. Ҷиҳати амалӣ кардани озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории озмун-ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

Июль 23, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд