ФУТБОЛ. Аҳтам Назаров ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе баргашт

Июль 23, 2020 08:32

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол Аҳтам Назаров, ки дар Чемпионати Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргашт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, бозингари шинохтаи тоҷик Аҳтам Назаров, ки дар дастаи футболи «Башундара Кингз»-и Бангладеш ҳунарнамоӣ мекард, баъд аз танаффуси начандон зиёд ба ҳайати дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргаштааст. Қарордод байни даста ва футболбоз то охири соли 2021 баста шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Аҳтам Назаров  аз соли 2013 то 2019 шарафи  дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанберо ҳимоя мекард. Номбурда  дар дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таҳти шумораи 20 бозӣ мекунад.

Июль 23, 2020 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд