Хадамоти иҷро: нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта иҷроиши санадҳо 9,3 % зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 17.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он дар маҳалҳо 23080 мавод ва арзу муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ ва дигар мақомот ворид гардидааст. Аз ин шумора, дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот 22 588 (2019 – 25 887) ҳуҷҷати иҷро, аз ҷумла 17 537 адади он аз мақомоти судӣ, 5020 адад аз дигар мақомот ва 31 навиштаҷоти нотариалӣ ворид гардида, тибқи талаботи онҳо истеҳсолоти иҷро оғоз карда шудааст. Бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ дар давраи ҳисоботӣ иҷрои воқеии 17320 ҳуҷҷати иҷро ё 67,3% ҳуҷҷатҳои иҷро таъмин гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта иҷроиши воқеӣ 9,3 % зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Сайдвализода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон рӯёниш дар самти барқарор намудани маблағҳои зарари расонидашуда ва ҷарима ба манфиати давлат ба маблағи 8 824 087,56 сомонӣ рӯёнида шуда, ғайр аз ин маблағҳо, инчунин маблағи 2 311 049, 45 сомонӣ, 178 450 рубли Федератсияи Россия, 189 639 доллари ИМА, 2 875 евро ва 200 юани Ҷумҳурии Мардуми Чин ҳамчун маблағҳои ба манфиати давлат мусодирашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ интиқол дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар сохтори Хадамот бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронӣ фаъолият менамояд, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст. Айни замон ба ин феҳрист 1 922 шахсони воқеӣ ва 130 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудааст.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки Хадамоти мазкур бо назардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Арманистон дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ, инчунин бо ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи ватанӣ баҳри дар амал татбиқ намудани «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 тасдиқ шудааст, дар самти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ ва ташкили низоми ягонаи байниидоравии электронӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






