«ХУШ ОМАДЕД!, ДОБРО ПОЖАЛОВАТЬ!, WELCOME!». Сафирони 10 кишвари хориҷӣ аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дидан карданд

Июль 11, 2020 12:07

ДУШАНБЕ, 11.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз ба эътидол омадани вазъи пандемияи коронавирус дар мамлакат, як зумра сафирон ва кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии кишвар дидан карданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Арабистони Саудӣ аз минтақаи сайёҳии деҳачаи хаймагин «Camping Villagе»-и деҳаи «Саратоғ»-и ноҳияи Айнӣ боздид намуд.

Илова бар ин, сафирони Федератсияи Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қирғизстон, Фаластин, созмонҳои байналмилалии САҲА ва Фонди Оғохон низ аз ин мавзеъ дидан кардаанд.

Сафарҳои саёҳатӣ аз ҷониби Раёсати экология ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати ватании «Скай Тур» ташкил карда шуданд.

Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои меҳмонон гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллиро ташкил кард, ки ба меҳмонон писанд омад.

Июль 11, 2020 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд