Имрӯз дар Қазоқистон барои қурбониёни коронавирус Рӯзи мотами миллӣ эълон шуд

Июль 13, 2020 11:06

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 июл дар Қазоқистон бо қарори Президенти ин кишвар барои қурбониёни коронавирус Рӯзи мотами миллӣ эълон шуд. Дар ин бора зимни паёми телевизионӣ президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълом дошт. Матни муроҷиат дар сомонаи расмии президент ҷойгир шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маводи АБИ «Казинформ».

«Мутаассифона, ин беморӣ аз байн бурдани ҳаёти қазоқистониҳоро идома медиҳад. Дар паси гузоришҳои расмӣ фоҷиаҳои садҳо оила ҷой доранд. Касе падар, модар, бародар, хоҳар, писар ва духтарашро аз даст додааст. Ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон изҳори таслият менамоям. Ин фоҷиаи ҳамаи мост», — изҳор дошт Тоқаев.

Ӯ илова намуд, ки мавҷи дуввуми гирифторӣ ба коронавирус дар кишвар оғоз шуд ва сабаби онро дар оммавӣ риоя накардани карантин, хатогиҳои роҳбарияти собиқи Вазорати тандурустии Қазоқистон ва «сусткории ҳокимон» донист.

Президенти Қазоқистон гуфт, ки мақомот барои мубориза бо мавҷи дуввуми эпидемия кадом чораҳо меадешанд ва мардуми Қазоқистонро даъват кард, ки ба воҳима наафтанд.

Ёдовар мешавем, ки нимашаб дар саросари Қазоқистон ва инчунин дар биноҳои намояндагиҳои дипломатии ин кишвар парчамҳои давлатӣ фароварда шуданд. Дар рӯзи мотам чорабиниҳои фароғатӣ бекор карда мешаванд ва дар телевизионҳои ҷумҳуриявӣ барномаҳои фароғатӣ намоиш дода намешаванд. Имрӯз дар масҷидҳо намози ёдбуд хонда мешавад. Тоат ва маросимҳо дар калисоҳо баргузор хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият дар Қазоқистон нуҳ маротиба мотами миллӣ эълон гардидааст. Дар Рӯзи мотами миллӣ ба хотираи қазоқистониҳое, ки қурбони пандемияи коронавирус гаштаанд, соати 12:00 бо вақти пойтахти Қазоқистон як дақиқа хомӯшӣ эълон карда мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи «coronavirus2020.kz», ба ҳолати соати 00:00-и 13 июл дар Қазоқистон 58 253 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 33 814 нафари онҳо шифо ёфтанд ва 264 кас вафот кардаанд.

Июль 13, 2020 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид