Кишоварзони Ҳисор дар майдони 600 гектар кишти такрории картошка мегузаронанд
ҲИСОР, 23.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ҳисор азм доранд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 600 гектар картошка кишт намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм гузоранд. Тибқи иттилои масъулини Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, то имрӯз аллакай дар майдони 65 гектар картошка кишт намудаанд. Дар заминҳои аз ҳосили якум холӣ гардида кишти картошка босуръат идома дорад.
Ҳамзамон чанде пеш дар ҳудуди шаҳри Ҳисор вобаста ба кишти такрории картошка ва парвариши он дар қитъаҳои замини шаҳри Ҳисор бо иштироки директори Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Назиров, муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзӣ Ҷаббор Носирзода, раисони хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд.
Ҳикматулло Назиров зимни баргузории семинарҳои омӯзишӣ парвариш, интихоби тухмӣ, сабзиши он, киштгардони замин, шинонидани картошка ва қоидаҳои аграрии нигоҳубини онро бо рақаму далелҳои ҷолиб барои кишоварзон шарҳу эзоҳ дода, гуфт, ки танҳо бо кишти картошка ҳосили хубро умедвор шудан аз рӯи адолат набуда, бояд хоҷагидорон ҳамаи нозукиҳои парвариши картошкаро риоя намоянд.
Зимни семинарҳои омӯзишӣ тавассути техникаҳои замонавӣ дар 6 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Қодир-1» кишти такрории картошка гузаронида шуд.
Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Навобод Эраҷ Турдиев иброз дошт, тибқи нақша дар ҷамоат дар 46 гектар замини корам кишти такрории картошка гузаронида мешавад. Барои иҷрои он қитъаи зарурии замин интихоб гардидааст.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






