Коҳиши ҳаҷми содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва Ӯзбекистон
ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон то 40 мегаватт коҳиш ёфтааст. Дар ин бора зимни мулоқот бо рӯзноманигорон дар Душанбе раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода изҳор дошт, — хабар медиҳад АМИТ Ховар.
Ба гуфтаи вай, содироти неруи барқ ба Ӯзбекистон низ коҳиш ёфтааст. Ин ба кам шудани ҷараёни оби дарёи Вахш ва азнавтақсимкунии шабакаҳо дар Афғонистон вобаста аст.
Тибқи маълумоти раиси ширкати «Барқи Тоҷик», ҷараёни об қариб 30% кам шудааст. Қаблан ҳар рӯз ба Афғонистон 320 МВт интиқол дода мешуд, ҳоло ин нишондиҳанда то 40 МВт коҳиш ёфтааст. Дар ду рӯзи охир сатҳи об дар дарёи Вахш баланд шуд, ки ба зиёд шудани содироти қувваи барқ мусоидат хоҳад кард.
Коҳиши интиқоли неруи барқ ба Ӯзбекистон 16 июл оғоз ёфт.Дар шаш моҳ ба Афғонистон 546,6 млн кВт/соат неруи барқ содир шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон 358,3 млн кВт/соатро ташкил медиҳад.








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






