Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» рӯзноманигорони соҳибистеъдодро ба кор даъват менамояд
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» барои пахши барномаҳои мустақим барандагони соҳибистеъдодеро, ки малакаи баланди касбӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ, инчунин чеҳраи зебо ва нутқи бурро дошта, соҳибистеъдоданд, ба кор даъват менамояд. Ин нуктаро 22 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Карими Азиз иброз намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки «ТВ Сафина» аз ҷиҳати таъмини техника ва кормандони техникӣ ягон мушкилӣ надорад. Танҳо барои мо рӯзноманигорони соҳибистеъдод ва пешниҳоди лоиҳаҳои беҳтарин лозим аст, ки барномаҳои телевизиониро дар сатҳи баланд пешниҳоди тамошобинон гардонем.
Дар нишаст иброз намуданд, ки вобаста ба сирояти коронавирус ба нақшаи сабти барномаҳои консертӣ ва шоу-барномаҳо халал ворид гардид. Баъзе аз барномахо сари вақт таҳия нагардидаанд ва ин омил сабаби афзудани пахши такрории баъзе барномаҳо гардид.
Ҳамчунин муассисаи мазкур ҳар сол барои ҷалби рӯзноманигорон кастинг доир менамуд, аммо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус натавонист дар шашмоҳаи аввали сол озмун доир намояд. Дар нақша аст, ки то охири соли равон кастинг баргузор шавад.








Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд






