Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Озарбойҷон мулоқот намуд

Июль 17, 2020 16:40

 ДУШАНБЕ, 17.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо дархости ҷониби Озарбойҷон Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Мамедзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рафти иҷрои тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон моҳи августи соли 2018 ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамсуҳбатон инчунин задухӯрдҳои мусаллаҳонаеро, ки аз 12 июли 2020 боз дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон рух медиҳанд, муҳокима намуданд.

Ҷониби Тоҷикистон аз ташаннуҷи вазъ дар сарҳади байни Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба талафоти ҷонӣ овардааст, изҳори нигаронӣ намуд.

Изҳори умедворӣ шуд, ки низоъ ҳар чи зудтар бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳал гардад.

АКС аз ВКХ ҶТ

 

Июль 17, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд