ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Июль 18, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 18.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 35+40  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19-21  ва рӯзона 38+40 дараҷа гарм мешавад.

Июль 18, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
IRS: Дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ баландии барф то 15 сантиметр мерасад
Дар «Саноатсодиротбонк» ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад