Ректори ДСРТ: «Ҳамаи донишҷӯёне, ки натавонистанд аз Тоҷикистон бираванд, бо манзил ва хӯрок таъминанд»
ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи донишҷӯёне, ки дар давраи таътили тобистона натавонистанд аз Тоҷикистон бираванд, бо ҳама чизҳои зарурӣ, аз ҷумла манзил ва хӯрок таъминанд. Дар ин бора ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Тоҳир Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Асосан аз қаламрави Тоҷикистон шаҳрвандони Ӯзбекистон хориҷ шудаанд, аммо як қисми дигари онҳо инҷо мондаанд. Донишҷӯёне, ки аз Тоҷикистон хориҷ шудаанд, ба шакли фосилавӣ имтиҳонҳоро супориданд. Аз ҷумлаи шаҳрвандони Туркманистон ва Федератсияи Россия касе аз Тоҷикистон хориҷ нашудааст.
Ҳоло дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон 574 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз 13 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Полша, Федератсияи Россия, ИМА, Украина, Ҷумҳурии Корея, Чин, Туркманистон ва Муғулистон таҳсил мекунанд.
Маҷмӯан, то 1 майи соли 2020 дар донишгоҳ 6693 нафар таҳсил мекарданд, аз ҷумла 2529 нафар дар бахши буҷавӣ, 4164 нафар дар бахши тиҷоратӣ ва 2154 дар шуъбаҳои ғоибона.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






