ШАРМ ЗАНОНРО ЗЕВАР АСТ. Ҷавондухтар барои авбошӣ дар ҷои ҷамъиятӣ ҷазо гирифт
ДУШАНБЕ, 06.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ навори муноқишаи як гурӯҳ ҷавонзанон паҳн гардида, дар байни истифодабарандагони саҳифаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои шадидро ба миён оварда буд. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои дахлдори фаврӣ роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа нафари гумонбар ва сабабу омилҳои сар задани муноқишаи мазкур муайян карда шуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар натиҷа маълум гардид, ки шаҳрванд Сайфидинова Ҷонона Аминовнаи 24-сола, зодаи ноҳияи Нуробод, деҳаи Оби Гарм, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе 2 июл дар ҳолати сархушӣ ҳангоми дар кӯчаи С. Шерозӣ, рӯ ба рӯи «Корхонаи нассоҷӣ» қарор доштанаш бо хоҳарон-дугоникҳо шаҳрвандон Фотима ва Зуҳро Балосоваҳо муноқиша намуда, онҳоро мавриди лату кӯб қарор додааст. Номбурда ҳамзамон ба ҷабрдидаҳо суханони қабеҳ зада, шаъну шарафи онҳоро дар назди дигар шаҳрвандон паст задааст.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбат ба шаҳрванд Сайфиддинова Ҷонона барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба ӯ бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъйин карда шуд.








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






