Созишномаи грантии сеҷониба барои сохтмони НБО «Себзор» ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 22 июли соли 2020 миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки Олмонии Рушд барои сохтмони НБО «Себзор» ба маблағи 18,6 млн. евро Созишномаи сеҷонибаи грантӣ ба имзо расид, ки ин маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Хотиррасон бояд кард, ки 2 августи соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия Созишнома оид ба ҳамкории молиявӣ ба имзо расонида шуда, дар доираи созишномаи мазкур ҷониби Германия 17 млн. евро грант барои сохтмони лоиҳаи НБО “Себзор” пешбинӣ намудааст.
Инчунин 2 декабри соли 2019 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария барои маблағгузориии бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ “Себзор-Хоруғ”, дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 110 кВ ва чорабиниҳо доир ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба маблағи грантии 9,55 млн. доллар Созишнома ба имзо расид.
Ҳамзамон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 1,9 млн. доллари ИМА барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии хати интиқоли барқи 110 кВ “Хоруғ-Ишкошим” ва аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 3 млн. доллари ИМА барои гузаронидани таҳқиқоти зарурӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҶСК “Помир энерҷӣ” маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидаанд.
Илова бар ин, дар доираи ин маросим Шартнома оид ба пешниҳоди маблағи грантӣ дар ҳаҷми 1 млн. евро барои кумакҳои мавриди ниёзи тиббӣ ҷиҳати бақайдгирии беморӣ ва омӯзонидани кормандони соҳаи тиб барои бартараф намудани паҳншавии пандемияи коронавируси COVID – 19 ба имзо расонида шуд.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Конфедератсияи Швейтсария маблағҳои умумии грантиро дар ҳаҷми 55,2 млн. доллари ИМА барои сохтмони НБО “Себзор” ва инфрасохтори энергетикии он дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқтидори 11 МВт ҷалб намуд.








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






