Тоҷикистон дар ним сол ба маблағи 13 млрд. 136 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуд

Июль 24, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли 2020 13 миллиарду 136,9 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он 109,2% -ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1 миллиарду 279,6 миллион сомонӣ зиёд аст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ саҳми саноати коркард — 56,5%, таъминоти қувваи барқ, газ, буғ ва ҳаво — 29,3%,  саноати кӯҳӣ  — 14,2% ва обрасонӣ, коркарди партовҳо, ашёи дубора коркардшуда — 0,6% — ро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ Тоҷикистон ба маблағи 6 миллиарду 595,1 миллион сомонӣ (640,3 миллион доллар) мол, аз ҷумла, ба маблағи 3 миллиарду 159,0 миллион сомонӣ (306,7 миллион доллар) маҳсулоти саноатӣ содир намудааст.

Дар феҳристи маҳсулоти содиротӣ, инчунин алюминии аввалия, рангҳои молидании сохтмонӣ, қубурҳои асбестӣ, ангишт, намак, нахи пахта, профилҳои алюминӣ барои пӯшонидани бом, маҳсулоти қаннодӣ, консерваҳо, нӯшокиҳои ташнагишикан ва меваҳои хушк шомил мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави мамлакат 83 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар онҳо 1 135 ҷойҳои нави корӣ ташкил шудаанд.

 

АКС аз бойгонӣ

Июль 24, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури гулобии тоифӣ аз Тоҷикистон ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд