«Тоҷикстандарт»: Аз тарафи соҳибкорон ҳолатҳои ворид намудани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ аз ҷониби мутахассисон мунтазам бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам аз тарафи соҳибкорон ҳолатҳои ворид намудани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода иброз намуд.
Номбурда афзуд, ки дар доираи корҳои сертификаткунонӣ дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи ириси «Aitan» ва тушбера (истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон) муайян карда шуд, ки намунаи маҳсулоти пешниҳодгардида аз рӯи нишондоди сифат ба талаботи ҳуҷҷати меъёрӣ мутобиқ нест. Ба маҳсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуд ва барои муайян намудани ҳолати минбаъдаи ин маҳсулот- 5000 кг ириси «Aitan» ва 2500 кг тушбера ба Хадамоти гумрук муроҷиат карда шуд.
Инчунин аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён ба миқдори 98 950 кг хурмои хушк, 25 000 кг қайлаи помидор, 19 600 кг карамел ва 7000 кг хамиртуруш ворид шуда буд.
Дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур, ки тибқи санад ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентӣ пешниҳод гардид, муайян карда шуд, ки намунаи хурмои хушк бо сабаби муҳлати истеъмолиаш гузаштан ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва намунаи қайлаи помидор, карамел ва хамиртуруш ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ нест. Ба маҳсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуда, он тибқи низоми «Реэкспорт» аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароварда шуд.
Бо мақсади таъмини шаффофият дар фаъолияти сертификаткунонӣ дар самти пешниҳоди намунаҳои маҳсулот ба озмоишгоҳ дар Агентӣ низоми равзанаи ягонаи дохилиидоравӣ ташкил карда шуд ва намунаи маҳсулот ба таври рақамгузорӣ дар ҳуҷраи алоҳида қабул карда шуда, барои ташхис пешниҳод мешавад. Дар пешниҳоди намунаи воситаҳои ченак низ чунин тарзи корбарӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва зиёд гаштани истеҳсолоти маҳсулоти дохилӣ як қатор корҳо амалӣ шуда истодаанд. Барои сари вақт анҷом додани корҳои сертификатсионӣ нисбат ба молу маҳсулоти содиротӣ дар Агентӣ навбатдорӣ ташкил карда шудааст, ки дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои истироҳатӣ низ дархости соҳибкорон қабул карда мешавад. Барои соддагардонии расмиёти содироти маҳсулот арзиши корҳои сертификаткунонии маҳсулоти ғизоӣ кам карда шуда, барои дар муҳлати камтарин ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва кӯтоҳ намудани вақти ташхис тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд ва дар ин бобат барои соҳибкорон монеае вуҷуд надорад. Барасмиятдарории корҳои сертификаткунонӣ барои молу маҳсулоти содиротӣ дар давоми як рӯз амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваи зардолу тибқи фармоиш аз моҳи апрели соли 2020 арзиши корҳои сертификаткунонӣ коҳиш дода шуда, иқдоми мазкур минбаъд низ нисбати дигар навъи молу маҳсулоти ватанӣ татбиқ карда мешавад.
Бо мақсади танзими гумрукии расмиёти сертификаткунонӣ дар доираи ҳамкорӣ аз ҷониби намояндагони КВД «Маркази Равзанаи ягона» ва ширкати «АйЮ-Нетворкс» дар Агентии «Тоҷикстандарт» бо масъулини соҳа масъалаҳои раванди барасмиятдарории корҳои сертификаткунонӣ тавассути низоми «Равзанаи ягона», аз ҷумла пешниҳоди шакли ягонаи дархост, фаъолияти коршиноси соҳа (эксперт), қабули намунаҳо, натиҷаи ташхис дар озмоишгоҳҳо, пардохти электронии маблағҳо ва дигар нишондодҳои ба низоми «Равзанаи ягона» алоқаманд ба таври омӯзиш фаҳмонида шуда, ҳоло фаъолият дар ин самт бомаром идома дорад.
Бо мақсади омӯзонидани тарзи истифодаи низом аз тарафи мақомоти шомилшаванда ва ба ин васила такмили муҳтавои он дар асоси пешниҳодҳои истифодабарандагон аз ҷониби мутахассисони ширкати барномасоз бо мусоидати кормандони «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2020 дар дастгоҳи марказии Агентии «Тоҷикстандарт» омӯзиши кормандони масъул гузаронида шуд.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 аз тарафи шуъбаи низоми менеҷменти сифат ва бахшҳои он дар марказҳо дар 34 корхонаҳои ватанӣ ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат ва корҳои сертификатсионӣ ба сомон расонида шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14 корхона мебошад. Инчунин дар ин давра дар 2 корхона аудити инспексионӣ, дар 2 корхона дарси омӯзишӣ ва дар 12 корхона корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масоили истифодаи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000 (9001, ИСО 22000, НАССР, 14001 ва 45001) гузаронида шуд.
Айни ҳол тибқи талаботи стандартҳои байналмилалии силсилаи ИСО 9000 дар 123 корхонаҳои ватанӣ сертификати амалкунанда мебошад.
Дар корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва машруботии «Сиёма» курси омӯзиши стандартҳои байналмилалии ИСО 9001, ИСО 19011 ва низоми НАССР гузаронида шуда, ба 13 нафар кормандони корхонаи мазкур сертификат дода шуд. Айни ҳол дар ин самт нисбат ба 2 корхона корҳои ҷорӣ ва нисбат ба 6 корхона корҳои сертификатсионӣ идома доранд.
Бо мақсади татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои баҳодиҳии мутобиқат ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нозироти пахтаи Агентӣ дар шашмоҳаи якуми соли 2020 нисбат ба 27443 тонна нахи пахта, 8007 тонна ресмони дурушти пахтагӣ, 187 тонна (1281470 м.т.) матои пахтагин ва 11983 тонна дигар маҳсулот корҳои сертификатсионӣ ба сомон расонида шудаанд.
Дар маҷмӯъ дар давраи ҳисоботӣ 47620 тонна маҳсулот аз ташхиси сертификатсионӣ гузаронида шудаанд.