ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бо саҳми оилаи Соҳибовҳо беш аз 13 км роҳҳои деҳаи Зағертути шаҳри Леваканд мумфарш мегарданд
ДУШАНБЕ, 25.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ- оилаи Соҳибовҳо беш аз 13 км роҳҳои деҳаи Зағертут мумфарш мегарданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳоло дар деҳаи Зағертут корҳои роҳсозӣ босуръат идома дошта, сохтмончиён талош доранд, ки роҳи мазкурро дар кӯтоҳтарин фурсат бо сифати баланд мумфарш намуда, ба истифода диҳанд.
Ҳамчунин барои дар муддати кӯтоҳтарин ба итмом расидани сохтмон ва ҳамворнамоии роҳҳо ба кумаки соҳибкорон Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант бо кормандон ва техникаҳои роҳсозӣ сафарбар гардида, корҳо авҷи бештар ёфтаанд.
То имрӯз дар деҳоти Леваканд аз ҷониби соҳибкорон беш аз 6 км роҳ мумфарш гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандӯсти деҳоту ноҳия бунёду мумфаршкунии боз садҳо км роҳҳо идома дошта, ин ҳама бунёдкорию созандагӣ ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар он мебошад.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






