Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндагони Хазинаи кӯдакон ва Барномаи Рушди СММ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 август Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Мехта мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо якчанд агентиҳои СММ ҳамкории дӯстона дорад, ки яке аз онҳо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин дирӯз Ҷамолиддин Абдуллозода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот ҳамкории дуҷонибаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасмандӣ иброз намуданд.
Зимни суҳбатҳо самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад






