ЧЕРНОГОРИЯ ТОҶИКИСТОНРО БА «МИНТАҚАИ САБЗ» ШОМИЛ НАМУД. Барои ба ин кишвар ворид шудан ба тоҷикистониён зарур нест, ки озмоиши тестии манфии коронавирус дошта бошанд

Август 13, 2020 11:54

ДУШАНБЕ, 13.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Черногория рӯйхати кишварҳоеро, ки шаҳрвандонашон сар аз 7 август метавонанд сарҳади ин кишварро тавассути нақлиёти автомобилӣ убур кунанд, таҷдиди назар намуд. Тоҷикистон ба минтақаи «сабз» ворид карда шуд. Дар ин бора дар сомонаи ҳукумати Черногория иттилоъ нашр шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба УНН.

 Зикр шудааст, ки аз 7 август интиқолоти байналмилалии автомобилӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ бо давлатҳо ва тавассути қаламрави давлатҳои зерини шомили рӯйхати «сабз» сурат мегирад:

давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо (Австрия, Белгия, Булғористон, Чехия, Дания, Эстония, Финляндия, Франсия, Гретсия, Нидерландия, Хорватия, Ирландия, Италия, Кипр, Латвия, Литва, Люксембург, Венгрия, Малта, Полша, Португалия, Руминия Словакия, Словения, Испания ва Шветсия);

инчунин Алҷазоир, Андорра, Озарбойҷон, Барбадос, Беларус, Бруней, Британияи Кабир, Фиҷи, Филиппин, Гурҷистон, Индонезия, Исландия, Ямайка, Япония, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Камбоҷа, Канада, Чин, Куба, Лихтенштейн, Мадагаскар, Малайзия, Марокаш, Маврикий, Муғулистон, Мозамбик, Никарагуа, Норвегия, Зеландияи Нав, Папуа-Новая Гвинея, Парагвай, Россия, Сенегал, Швейтсария, Тоҷикистон, Тайланд, Тринидад ва Тобаго, Тунис, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Украина, Уругвай, Ӯзбекистон, Ветнам, Замбия ва Зимбабве.

Тибқи қарори нави мақомоти Черногория, украинҳо метавонанд сарҳадро ҳам тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва ҳам тавассути мошинҳо убур кунанд. Илова бар ин, барои ба Черногория аз кишварҳои минтақаи «сабз» ворид шудан, санҷиши манфии тестии ПЦР барои коронавирус, ки на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд  гузаронида шуда бошад, талаб карда намешавад.

АКС аз бойгонӣ

Август 13, 2020 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад