Дар анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонон номзадии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

Август 31, 2020 17:10

ДУШАНБЕ, 31.08.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки  дар он вакилон бо овоздиҳии якдилона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.  

Дар анҷумани мазкур собиқадорон, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат  иштирок намуданд.

Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки  аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ин ниҳод ҷавононро, новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ, муттаҳид сохт. Иттифоқ аз рӯзи таъсис шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон»-ро ба роҳбарӣ гирифта, пешаи фаъолияти худ намуд ва ҷавононро ба муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сиёсӣ даъват кард.

«Маҳз ҳамин буд, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар қатори дигар ташкилоту созмонҳои ҷумҳурӣ дар Анҷумани ғайринавбатии худ  17 марти соли 1994 бо намояндагӣ аз кулли ҷавонони кишвар номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва дастгирӣ намуда буд», — тазаккур дод ӯ.

Август 31, 2020 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид