Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб охирин корҳои таъмирӣ ҷараён доранд

Август 10, 2020 14:04

КӮЛОБ, 10.08.2020/ АМИТ «Ховар»/. Коллеҷи омӯзгории  Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи  Абуабдулло Рӯдакӣ  ба солҳои таҳсили 2020-2021 пурра омода гардидааст. Давоми як моҳ корҳои  таъмиру шишабандӣ ва муҷаҳҳазгардонии хобгоҳ, ки аз чор ошёна иборат аст, ба анҷом расонида шуданд. Қаблан хобгоҳ ба талабот ҷавобгӯ набуда, донишҷӯён пайваста аз набудани одитарин шароит шикоят доштанд. Айни ҳол  корҳои таъмирӣ  дар  биноҳои  коллеҷ дар арафаи анҷомёбист. Таъмиргарон аллакай корҳои шишабандию рангуборро дар дохили бино ба анҷом расонида, қисмати деворҳои берунии биноро рангу бор доранд. Ба сохтмончиён омӯзгорону кормандони хоҷагии  коллеҷ  кумак мерасонанд.

Тавре ба  хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” директори коллеҷи мазкур Арафамо Даминова иттилоъ дод, “дар таътили тобистона, новобаста ба мушкилоти молиявӣ, коллеҷи омӯзгорӣ ба таъмири хобгоҳ ва биноҳои таълимӣ  шурӯъ намуд. Нақшаи асосии мо таъмир кардани хобгоҳ ва ба донишҷӯён шароити хуб фароҳам овардан буд, ки хушбахтона, ин нақша амалӣ гардид. Бо дастгирии соҳибкор  Гурез Латипов бинои хобгоҳ пурра таъмир гардида, бо ҷои либосшӯӣ, ҷевон, ҷои пухту паз ва дигар шароит таъмин гардидааст”.

Ба иттилои роҳбарияти донишгоҳ,  то 17 август, ки оғози соли таҳсили 2020-2021  дар назар аст,   корҳои асосии таъмиру муҷаҳҳазгардонӣ дар ҳамаи биноҳои донишгоҳ анҷом ёфта, омӯзгорону донишҷӯён соли нави таҳсилро дар шароити хуб оғоз мекунанд.

Тибқи  иттилои Маркази миллии тестӣ, имсол ба Коллеҷи омӯзгорӣ 441 нафар дохил шуда, аз ин шумора 114 нафарашон шартномавӣ  таҳсил мекунанд. Дар соли нави таҳсил 260 нафар донишҷӯдухтарон бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

Август 10, 2020 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд